Раиси Кӯлоб барои таъмиру ободкунии боғи шаҳр бо директори он занозанӣ кард

Asia-Plus

Субҳи рӯзи 14 сентябр дар Боғи марказии Кӯлоб раиси шаҳр Амонулло Хайрулло ва акнун собиқ директори боғ Абдураҳим Одинаев ба муноқишаву занозанӣ пардохтанд.

Бино ба гуфтаи шоҳидони воқеа, сабаби муноқиша гӯё аз ҷониби раиси шаҳр дастур додани сангфарш кардани тамоми боғ будааст.

Айни замон директори боғ барои корҳои таъмиру ободкунии он маблағу восита надорад ва бинобар ин қаблан лозим омада буд, ки қаламрави боғро байни соҳибкорони хурд, ки дар боғ нуқтаҳои фурӯш доранд, тақсим кунад, то ки онҳо аз ҳисоби худашон дар он корҳои таъмиру навсозиро анҷом диҳанд.

“Ба дархости навбатӣ доир ба оодкунии яке аз қисматҳои боғ директор розӣ нашуда, изҳор намуд, ки барои ин восита надорад. Барои ин ӯ мавриди таҳқири шадид қарор гирифта, баъдан раиси шаҳр ба лагадзании ӯ оғоз намуд”, – ҳикоят кард ба “Азия-Плюс” шоҳиди муноқишаву ҷанҷол.

Шоҳидони сершумор мегӯянд, худи Одинаев низ маҷбур шудааст, ки бо раиси шаҳр дастбагиребон шавад. Онҳоро муовини раиси шаҳр ва намояндаи Кумитаи кор бо занони Кӯлоб аз ҳам ҷудо кардаанд.

Ба қавли фурӯшандагони боғ, баъди ҷанҷол директори боғ аз мансаб барканор шудааст. Ба гуфтаи соҳибкорони маҳаллӣ, баъдан раиси шаҳр маҷлис гузаронида, ҳамаро вазифадор кардааст, ки дар корҳои ободкунии шаҳр саҳм бигиранд: яке бояд кошонаи ҳусн кушода, дигарӣ бояд намо (фасад)-и хонаҳоро таъмиру навсозӣ кунад.

“Ман ҳамчун мард ариза навиштам”

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” Хайрулло Тоиров, мудири шуъбаи фарҳанги минтақаи Кӯлоб хабар дод, акнун собиқ директори Боғи шаҳри Кӯлоб Абдураҳим Одинаев назди ӯ омада, асли воқеаро барояш гуфтааст.

“Мо барои кор ҷанҷол кардем, ӯ маро танқиду мазаммат ва ҳатто дашном дод, вале ман ҳамчун мард ариза навишта, аз кор рафтам”, – мегӯяд Тоиров аз қавли Одинаев.

Ӯ зикр кард, ки Абдураҳим Одинаев яке аз беҳтарин директорони боғҳои вилоят буда, муддати ду соли раҳбарии ӯ ба боғи Кӯлоб он яке аз беҳтаринҳо дар вилоят ва ҳатто ҷумҳурӣ дониста шуд.

“Соли 2017 дар озмуни ҷумҳуриявӣ байни боғҳои шаҳрҳои кишвар баъди Боғи ба номи Садриддин Айнӣ дар Душанбе Боғи Кӯлоб знаи дуюмро ишғол намуд. Ҳамчунин ҳамин сол барои кори пурсамар Одинаев бо нишони “Аълочии фарҳанг”, ифтихорномаи раиси вилоят ва имсол бо унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон” қадрдонӣ шуд”, – мегӯяд Хайрулло Тоиров.

Дар шаҳрдории Кӯлоб ҷанҷолу занозаниро рад мекунанд

Мо кӯшиш ба харҷ додем, ки шарҳи ин масъаларо аз мақомоти шаҳрдорӣ бипурсем ва нахуст ба маркази матбуот ба Сулаймон Ситамов занг задем. Ӯ посух дод, ки дар ин бора чизе гуфта наметавонад, зеро дар бораи ин ҳодиса ягон огаҳие надорад.

Бо муовини раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамоҳ Маҷидова низ дар тамос шудем, ки ба гуфтаи шоҳидон зимни ин муноқишаву ҷанҷол он ҷо ҳузур дошт. Ӯ изҳор намуд, ки дар бораи муноқишаву ҷанҷол чизеро нашунидаасту намедонад.

“Раиси шаҳр ба директор дастур дод, ки дар боғ тартиботро ҷорӣ намуда, корҳои таъмиру навсозиро дар иншооту ҷойҳое, ки ба он ниёз доранд, анҷом диҳад. Дигар ҳеҷ занозание, ки дар борааш мегӯянд, ҷой надошт”, – хабар дод мансабдор.

Бо худи раиси шаҳри Кӯлоб тамос гирифтан муяссар нашуд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи шоҳидон, дарҳол баъди муноқишаву занозанӣ бо дастури раиси шаҳр шахсонеро, ки ҷанҷолро дар телефонҳояшон наворбардорӣ карда буданд, ба ихроҷи наворҳои видео аз телефонҳо маҷбур кардаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...