Даҳ нафар дзюдочиёни тоҷик барои дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон рақобат мекунанд

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон аз 20 то 27 сентябр баргузор мегардад, Тоҷикистонро даҳ нафар намояндагӣ мекунанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурӣ, дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон Суҳроб Боқиев (вазни то 60 кг), Ёқубҷон Боқиев (то 66 кг), Беҳрӯз […]

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон аз 20 то 27 сентябр баргузор мегардад, Тоҷикистонро даҳ нафар намояндагӣ мекунанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурӣ, дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон Суҳроб Боқиев (вазни то 60 кг), Ёқубҷон Боқиев (то 66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков (то 73 кг), Акмал Муродов (то 81 кг), Комроншо Устопириён (то 90 кг), Саидҷалол Саидов (то 100 кг), Шакармамад Мирмамадов  ва  Темур Раҳимов (зиёда аз 100 кг) ва Шоҳида Қаландарова ( то 57 кг. байни занон) иштирок мекунанд.

“Дар чемпионати ҷаҳон варзишгарон баландтарин холҳои олимпиро сазовор мешаванд. Ғолибони чемпионат соҳиби 2000 хол, ҷои дуюм 1400 хол ва ҷои сеюм соҳиби 1000 хол мегарданд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Қайд мешавад, ки Фонди ҷоизавии Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо 800 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар баробари медали тилло 26 ҳазор евро (3000 евро ба мураббӣ) ба даст меоранд. Барои ҷои дуюм 15 ҳазор евро (2500 евро ба мураббӣ) ва барои ҷои сеюм 8 ҳазор евро (1600 евро ба мураббӣ) пешбинӣ гардидааст.

Ёдрас мешавад, ки Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни калонсолон ҳамагӣ як медал дорад. Ягона медали биринҷиро ҷоизадори Бозиҳои олимпии Пекин-2008 Расул Боқиев дар Чемпионати ҷаҳон-2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразил дар вазни -73 кило ба хазинаи варзишии кишвар ворид кардааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.