Афзоиши назарраси ҳаҷми содироти семент аз Тоҷикистон

Давоми моҳҳои январ-августи соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 920 ҳазор тонна семент содирот шуд, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ. Ҳаҷми содироти семент аз Тоҷикистон дар соли 2017 дар маҷмӯъ тақрибан 1 млн. тоннаро ташкил дод, яъне ҳаҷми моҳонаи содирот ба ҳисоби миёна дар соли гузашта ҳудуди 84 ҳазор тоннаро ташкил […]

Давоми моҳҳои январ-августи соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 920 ҳазор тонна семент содирот шуд, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ.

Ҳаҷми содироти семент аз Тоҷикистон дар соли 2017 дар маҷмӯъ тақрибан 1 млн. тоннаро ташкил дод, яъне ҳаҷми моҳонаи содирот ба ҳисоби миёна дар соли гузашта ҳудуди 84 ҳазор тоннаро ташкил дод, имсол бошад, ин нишондиҳанда аллакай ба 115 ҳазор тонна расида, ҳамин тариқ, афзоиши содироти ин масолеҳи сохтмон қариб 37 фоизро ташкил медиҳад. 

Тӯли 8 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон – ҳудуди 520 ҳазор тонна (20% аз ҳаҷми умумии содирот), Афғонистон – 340 ҳазор тонна ва Қирғизистон – 60 ҳазор тонна семент содирот шудааст.

Маҳсулоти худро корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Чин “Хуаксин Ғаюр семент” (32,6% аз ҳаҷми умумии содироти семент), “Хуаксин Ғаюр Суғд” (24,2%), “Ҷунгсай Моҳир семент” (38,5%), “Тоҷ Чайна” (2%) ба хориҷи кишвар бароварданд.

Айни замон 14 корхона ба истеҳсоли семент дар Тоҷикистон машғул буда, иқтидори умумии солонаи онҳо истеҳсоли 5 млн. тонна сементро ташкил медиҳад.

Дар баробари корхонаҳои дар боло зикршуда, ҳамчунин ҶСК “Сементи тоҷик” низ яке аз корхонаҳои асосии истеҳсоли ин навъи масолеҳи сохтмон маҳсуб меёбад, ки маҳсулоти ин корхона асосан дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун истифода мешавад.

Дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои ҷумҳурӣ 2,5 млн. тонна семент истеҳсол шудааст. Соли гузашта дар ин корхонаҳо дар маҷмӯъ беш аз 3,1 млн. тонна семент истеҳсол шуда буд.

Тӯли солҳои охир Тоҷикистон тариқи бунёди корхонаҳои нави муштарак бо Чин ҳаҷми истеҳсоли сементро ба таври назаррас зиёд кард. Тайи 5 соли охир сармоягузорони Чин ба Тоҷикистон ҷиҳати қариб 10 маротиба афзудани ҳаҷми истеҳсоли ин навъи масолеҳи сохтмон кумак карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.