Тағйироти кадрӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ

Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Рӯшону Роштқалъаи ВМКБ иваз шуда, дар чанде аз кишварҳо сафирони нави Тоҷикистон таъин шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Арамбегим Маҳтобшозода аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғ, ки аз моҳи ноябри соли 2016 ин вазифаро бар дӯш дошт, озод карда шуд. Сабаби аз […]

Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Рӯшону Роштқалъаи ВМКБ иваз шуда, дар чанде аз кишварҳо сафирони нави Тоҷикистон таъин шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Арамбегим Маҳтобшозода аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғ, ки аз моҳи ноябри соли 2016 ин вазифаро бар дӯш дошт, озод карда шуд. Сабаби аз кор озод кардан зикр нашудааст. Кишвар Шамиров ба  ҷойи ӯ ба ин вазифа таъин гардид.

Юсуф Султонноёбов аз мансаби раиси ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ озод ва Давлатшо Мамадшоев, ки то ин дам ба ҳайси муовини аввали раиси ҳамин ноҳия ифои вазифа мекард, ба ин мансаб таъин гардид.

Раиси ноҳияи Рӯшони ВМКБ Имомназар Хоҷаназар Лутфулло низ бо фармони президент аз вазифа озод шуда, Фаррух Додихудоев ба ҷойи ӯ ба ин мансаб таъин шуд.

Бо фармонҳои президент ҳамчунин сафирони Тоҷикистон дар як қатор кишварҳо иваз карда шуданд.

Қаландар Идибек сафири Тоҷикистон дар Австрия ва ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Руминия таъин шуд. Маҳмадшариф Ҳақдод сафири Тоҷикистон дар Беларус ва ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Эстония ва Латвия таъин карда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.