Манбаъ: Душанбе ба Хоруғ нерӯ ва воситаҳои иловагӣ сафарбар карданӣ нест

Барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳо дар кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ВМКБ, таҳкими тартиботу риояи қонун дар шаҳри Хоруғ, ки рӯзи 15 сентябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолони вилоят ба он ишора карда буд, Душанбе ба Хоруғ нерӯ ва воситаҳои иловагии сохторҳои қудратиии кишварро сафарбар карданӣ нест, изҳор намуд ба “Азия-Плюс” як манбаъ […]

Барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳо дар кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ВМКБ, таҳкими тартиботу риояи қонун дар шаҳри Хоруғ, ки рӯзи 15 сентябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолони вилоят ба он ишора карда буд, Душанбе ба Хоруғ нерӯ ва воситаҳои иловагии сохторҳои қудратиии кишварро сафарбар карданӣ нест, изҳор намуд ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ.

Ӯ таъкид дошт, ки барои таъмини тартиботу таҳкими риояи қонун дар ВМКБ худи вилоят имконоти кофӣ дорад.

“Имрӯзҳо дар роҳҳои вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ ҷиҳати бартараф кардани ҳолатҳои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ рейдҳои кормандони БДА ва мақомоти милитсияи вилоят гузаронида шуда, дар ин кор аҳолии маҳаллӣ ба мақомот кумаки назаррас мерасонад”, – қайд кард манбаъ.

Тибқи маълумоти ШБДА РВКД Тоҷикистон дар ВМКБ танҳо тайи 10 рӯзи охир дар роҳҳои вилоят беш аз 400 ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сабт шудааст, ки асосан ба ҳолатҳои ғайриқонунӣ сиёҳ кардани шишаи автомашина, риоя накардани суръати ҳаракат, идораи автомобил бидуни рақамҳои давлатии бақайдгирӣ марбут аст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти дафтари матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, дар марз бо Афғонистон, аз ҷумла дар қитъаи сарҳад бо ВМКБ рӯзҳои охир ягон қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки зимни вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ВМКБ санаи 15 сентябр Сарвари давлат ба роҳбарони вилоят, ВКД ва КДАМ ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини тартибот дар минтақа, бахусус шаҳри Хоруғ як моҳ муҳлат дод.

Он замон Президент таъкид дошт, ки дар сурати иҷро нашудани дастур, метавонад аз Қувваҳои мусаллаҳ истифода кунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.