Қатъи фаъолияти 13 кошонаи ҳусн, сартарошхона ва ҳуҷраҳои табобати дандон дар Хатлон

Ҳамаи кошонаи ҳусн, сартарошхона ва ҳуҷраҳои табобати дандони фаъолияташон қатшуда ба меъёрҳои санитарӣ ва эпидемиологӣ ҷавобгӯ набуданд. Сарраёсати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон муддати ду рӯзи санҷиш фаъолияти 13 кошонаи ҳусн, сартарошхона ва ҳуҷраҳои табобати дандонро қатъ намуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорат. Ба моликони ин коргоҳҳо дастур дода шудааст, ки […]

Ҳамаи кошонаи ҳусн, сартарошхона ва ҳуҷраҳои табобати дандони фаъолияташон қатшуда ба меъёрҳои санитарӣ ва эпидемиологӣ ҷавобгӯ набуданд.

Сарраёсати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон муддати ду рӯзи санҷиш фаъолияти 13 кошонаи ҳусн, сартарошхона ва ҳуҷраҳои табобати дандонро қатъ намуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорат.

Ба моликони ин коргоҳҳо дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро ба талаботи санитарию эпидимиологӣ мутобиқ намоянд.

Гуфта мешавад, дар ду рӯзи санҷиш мутахассисони Сарраёсат фаъолияти 28 сартарошхона, кошонаи ҳусн ва ҳуҷраҳои дандонпизишкиро мавриди санҷиш қарор дода, як қатор камбудиҳоро ошкор кардаанд. Рейдҳоро гурӯҳи кории иборат аз табибон, эпидемиологҳо ва намояндагони ҳукумати маҳаллӣ баргузор мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита пешниҳод намуд, ки нисбати дандонпизишкон, ҳамчунин кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо, ки бо айби онҳо одамон ба бемориҳои сироятӣ гирифтор мешаванд, ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷорӣ шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.