Ривоҷи савдо байни кишварҳои ОМ тариқи соддагардонии расмиёт

Дар шаҳри Алмаато бо роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо иштироки намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои аъзо ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ҷаласаи 12-уми Гурӯҳи корӣ оид ба савдои Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) баргузор гардид. Дар маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон қайд мешавад, […]

Дар шаҳри Алмаато бо роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо иштироки намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои аъзо ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ҷаласаи 12-уми Гурӯҳи корӣ оид ба савдои Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) баргузор гардид.

Дар маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон қайд мешавад, ки тайи солҳои охир роҳбарии Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдоро Тоҷикистон ба уҳда дорад.

Гуфта мешавад, дар доираи ҷаласа масъалаҳои Стратегияи минтақавии СПЕКА доир ба содагардонии расмиёти савдо, ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи савдо барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва чораҳои ғайритарифии танзими савдо мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуданд.

”Завқизода Завқӣ дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи савдои байналмилалӣ, аз қабили иштироки кишвар дар Созмони умумиҷаҳонии савдо, содагардонии расмиёти савдо, тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашударо муаррифӣ намуда, қайд кард, ки ҳанӯз имкониятҳои мавҷуда байни давлатҳои аъзои СПЕКА пурра истифода нашудаанд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Зимнан зикр мегардад, ки инчунин дар ин чорабинӣ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо вобаста ба савдо байни кишварҳои аъзои СПЕКА «Стратегияи миллии СПЕКА оид ба содагардонии савдо» таҳия гардида, барои мувофиқа ба ҳукуматҳои кишварҳои аъзо ирсол гардид.

Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА/SPECA) соли 1998 бо ташаббус ва ҷонибдории Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE – United Nations Economic Commission for Europe) ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP – United Nations Economic and Social Commission for Asia and the Pacific) ва боз 4 кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шудааст.

Баъдтар ба ин Барнома Туркманистон, Озарбойҷон ва Афғонистон ҳамроҳ шуданд. Ҳуҷҷати таъсисии СПЕКА – декларатсияи Тошканд мебошад, ки 26 марти соли 1998 аз ҷониби кишварҳои муассис ба имзо расонида шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.