Мураббии футболи тоҷик ба суперлигаи Уммон даъват шуд

Собиқ мураббии дарвозабонҳои дастаи футболи КМВА “Помир” Файз Давлатов дар тими футболи суперлигаи кишвари Уммон “Маҷис” ба фаъолият шурӯъ мекунад. Мураббӣ ба Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин робита хабар додааст, ки ба дастаи “Маҷис”-и Уммон ӯро бо тавсияи мутахассиси эронӣ Амин Субҳонӣ даъвт кардаанд. Амин Субҳонӣ қаблан якуним сол дар дастаи КМВА “Помир” ба ҳайси […]

Собиқ мураббии дарвозабонҳои дастаи футболи КМВА “Помир” Файз Давлатов дар тими футболи суперлигаи кишвари Уммон “Маҷис” ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Мураббӣ ба Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин робита хабар додааст, ки ба дастаи “Маҷис”-и Уммон ӯро бо тавсияи мутахассиси эронӣ Амин Субҳонӣ даъвт кардаанд. Амин Субҳонӣ қаблан якуним сол дар дастаи КМВА “Помир” ба ҳайси сармураббӣ фаъолият намуда буд.

Пас аз шикасти навбатӣ дар бозии даври чоруми мусобиқаи суперлигаи Уммон сармураббии “Маҷис”, мутахассиси мисрӣ ба истеъфо фиристода шуд. Амин Субҳонӣ иҷрокунандаи вазифаи сармурабби ин даст таъин шуд. Рӯзи 19 сентябр “Маҷис” дар доираи бозиҳои марҳилаи пешакии Ҷоми Уммон бо ҳисоби 1 бар 0 бар дастаи “Ал-Наҳда” дастболо шуда, ба даври 1/16 финалӣ роҳ ёфт.

Дар лигаи касбии футболи Уммон иборат аз 14 даста тими Файз Давлатов айни замон бо касби 1 имтиёз аз 4 бозӣ зинаи 13-умро ишғол мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.