Истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар тамринҳои муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон

Дар тамринҳои ҳарбии воҳидҳои низомии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар баробари силоҳи сабуки оташфишон, аз дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин, танк, мошинҳои зиреҳпӯш, чархбол ва минафкан (миномёт) истифода шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон майор Ориф Нозимов. “Барои ошкор кардани макони ҷамъшавии террористони шартӣ, ки ба қаламрави водии Фарғона ворид шудаанд, аз ҳавопаймоҳои хурди […]

Дар тамринҳои ҳарбии воҳидҳои низомии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар баробари силоҳи сабуки оташфишон, аз дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин, танк, мошинҳои зиреҳпӯш, чархбол ва минафкан (миномёт) истифода шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон майор Ориф Нозимов.

“Барои ошкор кардани макони ҷамъшавии террористони шартӣ, ки ба қаламрави водии Фарғона ворид шудаанд, аз ҳавопаймоҳои хурди бесарнишин истифода шуда, сипас чархболҳои H215 (Airbus Helicopters)-и Ӯзбекистон ва Ми-8-и Тоҷикистон ба макони таҷаммӯъи ҷангиён зарбаҳои ҳавоӣ заданд”, – гуфт ӯ.

Танкҳои Т-72-и Тоҷикистон, мошинҳои зиреҳпӯши Ӯзбекистон ва гурӯҳҳои муштараки минафкан аз хушкӣ ба “террористон” зарба заданд.

Хизматчиёни ҳарбии дастаҳои таъиноти махсуси Вазоратҳои мудофиаи кишварҳо макони ҷамъшавии “ҷангиён”-ро иҳота намуда, қароргоҳ ва худи онҳоро пурра нобуд карданд.

“Дар тамринҳои муштарак ҳамагӣ наздики 600 нафар хизматчиёни ҳарбии ҳарду кишвар иштирок доранд”, – гуфтанд дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Нахустин дар таърихи муносибатҳо тамринҳои муштараки воҳидҳои ҳарбии Вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар машқгоҳи низомии “Чорухдайрон” дар вилояти Суғд ҷараён доранд.

Имрӯз дар доираи тамринҳо раҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳру навоҳии минтақа дар яке аз нуқтаҳои тирандозии маркази таълимии “Нурафшон” малакаҳои худро дар тирандозӣ аз автомати Калашников ва тапппончаи Макаров месанҷанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.