Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе Академияи Кембриҷро боз намуд

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ”-ро боз намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, масоҳати умумии қитъаи замини муассиса 6847 метри мураббаъ ва масоҳати умумии сохтмонии он бошад, 2345 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Муассиса аз ду бинои 3 ошёна бо таҳхона ва болохона ва як бинои 2 ошёна иборат буда, дар он 500 ҷой барои таълиму тарбияи томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ фароҳам оварда шудааст.

“Азия-Плюс” қаблан дар бораи ин академия мавод ба нашр расонида буд. Аз ҷумла, дар бораи ҷорӣ шудани низоми тахфиф (кам кардани нарх) аз ҷониби раҳбарияти муассиса ба муносибати ифтитоҳи он.

Гуфта мешавад, дар ин чо ошхона бо 150 ҷойи нишаст, нуқтаи тиббӣ, китобхона ва синфхонаҳо барои таълиму тарбияи томактабӣ ва синфҳои болоӣ мавҷуд аст. Дар муассиса синфхонаҳо барои омӯзиши фанни таълими меҳнат, аз ҷумла азхудкунии пухту паз, синфхонаи муҳандисӣ барои омӯзиши технологияи муосир, ҳавзи оббозӣ, синфхонаи махсус барои омӯзиши рақсҳои гимнастика ва балет, толори варзишӣ, ҳуҷраи ивази сару либос ва толори маҷлис барои 90 ҷойи нишаст ҷойгир мебошанд.

Таълим дар ин муассиса тибқи барномаҳои таълимии зинаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилоти Британияи Кабир ва мутобиқ ба стандартҳои давлатии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, забони таълим забони англисӣ мебошад. Таълиму тарбияи томактабӣ дар маркази инкишофи кӯдакон ва таҳсилоти умумӣ бошад, дар се зина: ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ амалӣ мегардад.

Пас аз хатми ин муассиса ба хатмкунандагон ҳуҷҷатҳои таҳсилоти намунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир дода шуда, онҳо метавонанд таҳсили худро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои Аврупо, Амрико, Япония ва ғайра идома диҳанд.

Омӯзгорону устодон дар ин муассиса аз доираи беҳтарин муаллимони соҳибкасбу соҳибтаҷрибаи Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардида, машғулиятҳову дарсҳо ба хонандагон бо истифода аз усулҳои муосири таълим ба роҳ монда мешаванд.

Ба ғайр аз ин, муассисон ба нақша гирифтаанд, ки то соли 2020 баъди аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ ҷудо гардидани қитъаи замин барои хонандагони синну соли аз 18 то 23 сола коллеҷ бунёд намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...