Обанбори Норак комилан бо захираи об таъмин шуд

Ба охири моҳи августи соли 2018 сатҳи захираи об дар обанбори Норак 910,45 метрро ташкил дода буд, – гуфта мешавад дар гузориши “Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ таҳия шудааст. Ин нишондиҳандаи ҳадди ниҳоии захираи об дар обанбори Норак буда, аз сатҳи ҳадди ақал (857 метр), […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ба охири моҳи августи соли 2018 сатҳи захираи об дар обанбори Норак 910,45 метрро ташкил дода буд, – гуфта мешавад дар гузориши “Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ таҳия шудааст.

Ин нишондиҳандаи ҳадди ниҳоии захираи об дар обанбори Норак буда, аз сатҳи ҳадди ақал (857 метр), ки бо расидан ба он истифодабарии обанбор аз рӯи нишондиҳандаҳои техникӣ манъ мешавад, 53,45 метр баландтар аст.

Сатҳи маҷрои оби дарёи Вахш дар моҳи август ба ҳисоби миёна 1382 метри мукааб дар як сонияро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 6,4% камтар мебошад.

Моҳи сентябр сатҳи маҷрои об то 600 метри мукааб ва даҳаи аввали моҳи октябр – то 400 метри мукааб дар як сония поин рафта, сипас истифодаи захираҳои обии обанбор оғоз мегардад.

Дар ҳамин ҳол, қаблан зикр гардида буд, ки якчанд рӯз дар минтақаи Кӯлоб барқ нест: он субҳ аз соати 5 то 8 ва шом аз соати 17 то 24 интиқол меёбад.

Мутахассисони ширкати “Барқи тоҷик изҳор намуданд, ки ин ҷорӣ шудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит) набуда, ба баргузории корҳои таъмиру навсозӣ тибқи нақша ҷиҳати омодагӣ ба мавсими зимистон вобаста аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.