Ҳамсарони собиқадорони ҷанги дар замони осоишта даргузашта кумакпулӣ намегиранд

“Ҳамсарони собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ), ки пас аз ҷанг даргузаштанд, кумакпулии якдафъаина намегиранд. Ин гуна кумак танҳо барои ҳамсарони тоҷикистонёне, ки бевосита дар майдони набарди ҶБВ чони худро аз даст додаанд, пешбинӣ шудааст”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорон. Бино ба иттилои манбаъ, ҳамасола дар остонаи ҷашни Рӯзи Ғалаба аз номи […]

Наим Халимов

“Ҳамсарони собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ), ки пас аз ҷанг даргузаштанд, кумакпулии якдафъаина намегиранд. Ин гуна кумак танҳо барои ҳамсарони тоҷикистонёне, ки бевосита дар майдони набарди ҶБВ чони худро аз даст додаанд, пешбинӣ шудааст”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорон.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳамасола дар остонаи ҷашни Рӯзи Ғалаба аз номи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони ҶБВ ва дар шахсоне, ки дар муҳосираи Ленинград қарор доштанд, кумкпулӣ ҷудо мешавад, ки ҳаҷми кумаки имсола 3 ҳазор сомониро ташкил дод.

“Ғайр аз ин, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо низ пеш аз чашни Рӯзҳои Ғалаба ва Истиқлолият ба собиқадорони ҷанг, шахсоне, ки дар муҳосираи Ленинград қарор доштанд, ҳамсарони сарбозону афсрони дар майдониҳои ҶБВ ҳалокшуда, ҷанговарони интернатсионалист, одамоне, ки дар бартараф кардани садамаи Нерӯгоҳи атомии Чернобил иштирок кардаанд, кумаки якдафъаина ҷудо мекунанд”, – қайд карда манбаъ.

Бино ба гуфтаи манбаъ, аввали моҳи сентябр раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба муносибати чашни Рӯзи истиқлолияти ҷумҳурӣ ба 42 нафар собиқадорони ҶБВ, ҳамсарони сарбозону афсарони дар ин ҷанг ҳалокшуда ба ҳар кадоме 900 сомонӣ кумакпулӣ ҷудо намуд.

Зимнан зикр гардид, ки бо ҳамаи масъалаҳои зикршуда шаҳрвандон метавонанд ба Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорон бо телефони 221 86 00 муроҷиат намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.