Дар барномаи “Голос 60+” зодаи Тоҷикистон Лев Лешенкоро ба ваҷд овард

Asia-Plus

Зодаи Тоҷикистон Наврӯз Аҳмедов дар шоу-барномаи «Голос 60+» романси «Не лукавьте» (Айёрӣ накунед)-ро ба иҷро расонида, марҳилаи шунидани пӯшидаи барномаро хотима бахшид.

Сурудхонии ӯ ҳунарманди маъруфи Россия Лев Лешенкоро ба ваҷд оварда, ӯ тугмачаро пахш ва Наврӯз Аҳмедовро ҷиҳати иштироки минбаъда ба дастаи худ гирифт.

Наврӯз Аҳмедови 60-сола чанд сол пеш ба Маскав омада, айни замон дар телевизион ба сифати коргардон кор мекунад. Дар мусоҳиба ба Шабакаи аввали телевзиони Россия ӯ изҳор кард, ки модару бибияш тамоми умр хуб суруд мехонданд.

“Дар кӯдакӣ расм мекашидаму суруд мехондам, дигар комёбии назаррасе надоштам. Тасмим гирифтам, ки рассом мешавам. Сипас ба Донишкадаи давлатии санъати театрӣ (ГИТИС) дохил шуда, айни замон дар телевизион ба ҳайси коргардон фаъолият дорам. Аз ҳама чизи муҳим барои ман оила буда, танхо саҳна намерасид. Ҳамеша назди худ ҳадаф гузошта, талош мекунам, ки ба фатҳи он расам”, – иброз доштааст ӯ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.