Оғози парвозҳои ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонӣ ба фурудгоҳи Жуковский

Ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии “Сомон Эйр” ба анҷоми парвозҳо аз Душанбе ба фурудгоҳи Жуковскии вилояти Маскав шурӯъ намуд. Парвоз бо хатсайри Душанбе – Жуковский – Душанбе ҳафтае се маротиба таъин шудааст. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти фурудгоҳи Жуковский парвозҳои ширкати “Сомон Эйр” рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе анҷом дода мешавад. Ғайр аз ин, рӯзҳои душанбе, ҷумъа […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии “Сомон Эйр” ба анҷоми парвозҳо аз Душанбе ба фурудгоҳи Жуковскии вилояти Маскав шурӯъ намуд. Парвоз бо хатсайри Душанбе – Жуковский – Душанбе ҳафтае се маротиба таъин шудааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти фурудгоҳи Жуковский парвозҳои ширкати “Сомон Эйр” рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе анҷом дода мешавад.

Ғайр аз ин, рӯзҳои душанбе, ҷумъа ва шанбеи ҳафта парвозҳои ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр”ҳамчунин бо хатсайри Кӯлоб – Жуковский низ сурат мегиранд.

То кунун парвозҳо аз Душанбе ба Жуковский танҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии русиягӣ – “Уральские авиалинии” ва “Ют-Эйр” ба иҷро расонида мешуданд.

Баҳори ҳамин сол бинобар сабаби иҷозатнома дастрас карда натавонистани ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикистонӣ ҷиҳати парвоз ба фурудгоҳи Жуковский, байни мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Русия ихтилофҳо ба вуҷуд омада, ба иҷрои парвозҳо дар чанде аз хатсайрҳо аз ҳарду ҷониб маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд.

Пас аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ ҷонибҳо ба созиш расида, аввали моҳи апрел ҳамаи маҳдудиятҳои ҷоришуда ба алоқаи ҳавоӣ байни шаҳрҳои Россия ва Тоҷикистон бекор шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.