Дар барномаи “Голос 60+” зодаи Тоҷикистон Лев Лешенкоро ба ваҷд овард

Зодаи Тоҷикистон Наврӯз Аҳмедов дар шоу-барномаи «Голос 60+» романси «Не лукавьте» (Айёрӣ накунед)-ро ба иҷро расонида, марҳилаи шунидани пӯшидаи барномаро хотима бахшид. Сурудхонии ӯ ҳунарманди маъруфи Россия Лев Лешенкоро ба ваҷд оварда, ӯ тугмачаро пахш ва Наврӯз Аҳмедовро ҷиҳати иштироки минбаъда ба дастаи худ гирифт. Наврӯз Аҳмедови 60-сола чанд сол пеш ба Маскав омада, айни […]

Asia-Plus

Зодаи Тоҷикистон Наврӯз Аҳмедов дар шоу-барномаи «Голос 60+» романси «Не лукавьте» (Айёрӣ накунед)-ро ба иҷро расонида, марҳилаи шунидани пӯшидаи барномаро хотима бахшид.

Сурудхонии ӯ ҳунарманди маъруфи Россия Лев Лешенкоро ба ваҷд оварда, ӯ тугмачаро пахш ва Наврӯз Аҳмедовро ҷиҳати иштироки минбаъда ба дастаи худ гирифт.

Наврӯз Аҳмедови 60-сола чанд сол пеш ба Маскав омада, айни замон дар телевизион ба сифати коргардон кор мекунад. Дар мусоҳиба ба Шабакаи аввали телевзиони Россия ӯ изҳор кард, ки модару бибияш тамоми умр хуб суруд мехонданд.

“Дар кӯдакӣ расм мекашидаму суруд мехондам, дигар комёбии назаррасе надоштам. Тасмим гирифтам, ки рассом мешавам. Сипас ба Донишкадаи давлатии санъати театрӣ (ГИТИС) дохил шуда, айни замон дар телевизион ба ҳайси коргардон фаъолият дорам. Аз ҳама чизи муҳим барои ман оила буда, танхо саҳна намерасид. Ҳамеша назди худ ҳадаф гузошта, талош мекунам, ки ба фатҳи он расам”, – иброз доштааст ӯ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.