Роҳҳои марказии Душанбе бастаанд. Мо харита таҳия намудем

Дар робита ба ташрифи сарони кишварҳои узви ИДМ ба Душанбе роҳҳои марказии пойтахт баста шуданд. Ин вазъ ду рӯз – 27 ва 28 сентябр идома меёбад. Мо барои шумо харитаи басташавии роҳҳо дар Душанберо таҳия намудем. Муддати ду рӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи роҳҳои кӯчаҳои Аҳмади Дониш, Айнӣ, Рӯдакӣ, Бухоро, Мирзо Турсунзода, Беҳзод, Лоҳутӣ, Сомонӣ, […]

Asia-Plus

Дар робита ба ташрифи сарони кишварҳои узви ИДМ ба Душанбе роҳҳои марказии пойтахт баста шуданд.

Ин вазъ ду рӯз – 27 ва 28 сентябр идома меёбад. Мо барои шумо харитаи басташавии роҳҳо дар Душанберо таҳия намудем.

Муддати ду рӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи роҳҳои кӯчаҳои Аҳмади Дониш, Айнӣ, Рӯдакӣ, Бухоро, Мирзо Турсунзода, Беҳзод, Лоҳутӣ, Сомонӣ, Низоми Ганҷавӣ, Ҳувайдуллоев, Карамов, Алишери Навоӣ то даромадгоҳ ба шаҳри Турсунзода ва аз кӯчаи Айнӣ то шаҳр Норак маҳдуд мешавад.

Шуъбаи БДА РВКД дар шаҳри Душанбе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонони пойтахт хоҳиш кардаааст, ки дар ин рӯзҳо аз баромадан бо воситаҳои нақлиёти шахсиашон худдорӣ намуда, аз хизматрасонии нақлиётҳои ҷамъиятӣ, дар ҳолатҳои зарурӣ бошад, аз кӯчаҳои ҳамшафати онҳо, бо риояи талаботҳои «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» истифода баранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.