Имзои 10 санади нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ҳиндустон

Asia-Plus

Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Изҳороти муштараки сарони давлатҳо қабул ва санадҳои зерин имзо шуд:

– Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ;

– Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи сулҳҷӯёнаи технологияҳои кайҳонӣ барои рушд;

– Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои ҷавонон;

– Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергияи нав ва барқароршавандаи Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергияи барқароршаванда;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳо байни Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Ҳиндустон оид ба тадқиқотҳои соҳаи кишоварзӣ;

– Ёддошти тафоҳум байни Муасссисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ва Шӯрои Марказии Тадқиқотӣ дар соҳаи тибби юнанӣ Ташкилоти мустақили назди Вазорати Аюши Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи Тибби Юнанӣ;

– Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон барои солҳои 2018-2021;

– Барномаи табодули фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон барои солҳои 2019-2023;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди байналмилалии Вивеканандаи Ҳиндустон.

Баррасии маҷмуъи васеи масоили дӯстию ҳамкории ду ҷониб дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар мулоқот бо иштироки ҳайатҳои васеи расмии Тоҷикистону Ҳиндустон идома ёфт.

Ҷонибҳо аз сатҳи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди байни кишварҳо, ки мунтазам инкишоф меёбанд, изҳори қаноатмандӣ карданд. Заминаи мустаҳками меъёриву ҳуқуқӣ аз 60 санади муҳими танзимкунандаи муносибатҳои ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, низомиву-техникӣ иборат аст.

Барои татбиқи самарабахши санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳкими муколамаи сиёсии ҷонибҳо, робитаҳои байнипарлумонӣ ва барои густариши муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ фаъолтар кардани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ зарур шумурда шуд.

Бо дарназардошти имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ ва захираҳои бузурги неъматҳои моддии Тоҷикистон ҷалби сармоя ва технологияи муосири Ҳиндустон ба кишвари мо ва таъсиси корхонаҳои муштарак бо муассисаҳои саноатии Ҳиндустон барои ҳар ду ҷониб муҳиму манфиатбахш маънидод гардид.

Мо омода ҳастем бо Ҳиндустон дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, хусусан дар бахши коркарди металу минералҳо, аз ҷумла нуқра, сурма, симоб, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, ҳамчунин ҷавоҳирот, ҳамкорӣ намоем” – таъкид доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Зикр шуд, ки дар Тоҷикистон зиёда аз дусад чашмаи оби маъданӣ ва ҳаждаҳ кӯли муолиҷавӣ ва зиёда аз се ҳазору панҷсад навъи гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст, ки имкониятҳои зиёдеро барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиб ва туризми табобатӣ, таъсиси марказҳои ташхисӣ, муолиҷавӣ ва бемористонҳои муштарак, бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли доруворӣ, фароҳам меорад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир дар доираи Гурӯҳи муштарак оид ба масъалаҳои амниятӣ, муҳиму саривақтӣ муҳим шумурданд. Таъмини сулҳу субот дар Афғонистон омили калидии таъмини амнияти тамоми минтақаи Осиёи Марказиву Ҷанубӣ арзёбӣ гардид.

Гуфта мешавад, пас аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон Эмомалӣ Раҳмон ва Шри Рам Натҳ Ковинд оид ба натиҷаҳои мулоқот барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...