Ҳиндустон ба Тоҷикистон 20 млн. доллар кумаки бебозгашт ҷудо мекунад

Президенти Ҳиндустон ҷудо гардидани 20 млн. доллари ИМА кумаки бебозгаштро барои Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои рушди аз ҳарду ҷониб муайяншуда эълон кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар Изҳороти муштарак аз натиҷаи сафари давлатии Президенти Ҳиндустон ба Тоҷикистон зикр гардид, ки ду Роҳбар бо ишора ба афзоиши умумии табодули тиҷорати дуҷониба дар соли […]

Asia-Plus

Президенти Ҳиндустон ҷудо гардидани 20 млн. доллари ИМА кумаки бебозгаштро барои Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои рушди аз ҳарду ҷониб муайяншуда эълон кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар Изҳороти муштарак аз натиҷаи сафари давлатии Президенти Ҳиндустон ба Тоҷикистон зикр гардид, ки ду Роҳбар бо ишора ба афзоиши умумии табодули тиҷорати дуҷониба дар соли 2017 ишора намуда, таъкид карданд, ки сатҳи гардиши мол, сармоягузорӣ ва фаъолиятҳои иқтисодӣ  бо дарназардошти иқтидору арзишҳои рушди иқтисодии ду кишвар қаноатбахш нест. Онҳо хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар самти тиҷорати дуҷониба ва сармоягузорӣ шуданд.

Дар ин робита, ду Роҳбар ба аҳамияти  талошҳои минтақавӣ барои тавсеаи транзит ва долонҳои нақлиётӣ, ки дар рушди пайвастшавӣ байни Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон мусоидат менамоянд, таъкид намуданд.

Президенти Тоҷикистон дар навбати худ аз соҳибкорони Ҳиндустон даъват ба амал овард, ки ба рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, технологияҳои истеҳсолӣ, таҷҳизоти электронӣ, бахши дорусозӣ, биотехнология ва ғайра саҳмгузорӣ кунанд. Ҳамчунин ӯ пешниҳод намуд, ки имконоти сармоягузорӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гиранд.

Президенти Ҳиндустон ба Президенти Тоҷикистон барои истиқболи гарм ва дӯстона изҳори миннатдорӣ намуда, аз Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овард, то дар фурсати муносиб ба Ҷумҳурии Ҳиндустон сафари ҷавобӣ анҷом диҳад. Ин даъват бо арзи сипос пазируфта шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.