Нахустин Маълумотномаи онлайни ҳуқуқии тоҷикӣ дар шабака

Ширкати фаронсавии «Sadbarg» аз 1 октябр маълумотномаи онлайни ҳуқуқиро дар шабака зери унвони SADBARG роҳандозӣ намуд.   Айни замон дар маълумотнома наздики 200 истилоҳи ҳуқуқӣ ва маълумот бо забони тоҷикӣ ва русӣ дарҷ ёфтааст, хабар дода мешавад дар сомона. Ба гуфтаи таҳиягарон, маълумотнома бар асоси қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон тартиб дода шуда, зери ҳар як маълумотнома […]

Ширкати фаронсавии «Sadbarg» аз 1 октябр маълумотномаи онлайни ҳуқуқиро дар шабака зери унвони SADBARG роҳандозӣ намуд.  

Айни замон дар маълумотнома наздики 200 истилоҳи ҳуқуқӣ ва маълумот бо забони тоҷикӣ ва русӣ дарҷ ёфтааст, хабар дода мешавад дар сомона.

Ба гуфтаи таҳиягарон, маълумотнома бар асоси қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон тартиб дода шуда, зери ҳар як маълумотнома ба санадҳои ҳуқуқӣ, ки зимни таҳия аз онҳо истифода шудааст, истинод дода мешавад.

“Бо санадҳои ҳуқуқӣ метавон дар шакли pdf шинос шуд. Маълумотномаҳои нав доимо илова шуда, ҷойдоштааш мувофиқи тағйироту иловаҳо дар қонунгузорӣ нав карда мешаванд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” адвокати ширкати фаронсавии SADBARG аз Тоҷикистон Умар Арабов.

Бино ба қавли номбурда, ҳадаф аз лоиҳа пешниҳоди имконот ба мардум ҷиҳати дастрасӣ ба маълумоти бепулу ройгон ва дастрасу бепул аз рӯи масоили муҳими ҳуқуқӣ аст.

Маълумотнома аз 10 афсл, аз ҷумла фаслҳои масоили оилавӣ, мавзӯъҳои тандурустӣ, вазъи шаҳрвандӣ, амволи ғайриманқул ва ғайра иборат аст

“Ҳамчунин як фасл ба муҳоҷирони корӣ дар Россия бахшида шудааст. Маълумотномаҳо дар ин фасл бар асоси қонунгузории Россия таҳия шуда, ба масоили муҳим барои муҳоҷирон, аз қабили сафар, кору зиндагӣ дар Россия, гирифтани патент, душаҳрвандӣ ва ғайра дахл доранд”, – қайд кард Арабов.

Ширкати SADBARG моҳи сентябр махсус барои ҳамин лоиҳа таъсис дода шуд. Айни замон ширкат танҳо бо сомонаи маълумотномаи ҳуқуқӣ машғули кор аст. Умар Арабов яке аз муассисони ширкат мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.