Тоҷикистон барои таҳқиқи кони гилхок пул меҷӯяд

Asia-Plus

Тоҷикистон барои анҷоми корҳои таҳқиқоти кони Курговад ба ним миллион доллар маблағ ниёз дорад. Кони Куговад дар ноҳияи Дарвоз воқеъ буда, захираи зиёди гилхок дорад, ки таркиби асосӣ барои истеҳсоли алюминий аст.

Лоиҳаи таҳқиқот дар бораи ба даст овардани гилхок аз минералҳои кони Курговад (Помири Ғарбӣ) барои истеҳсоли алюминий дар фасли пешниҳодҳои сармоягузорӣ дар Геопортали Тоҷикистон ҷой дода шудааст.

Зикр мегардад, ки амалисозии лоиҳа ба “ҳалли вазифаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву техникии рушди Тоҷикистон, азхудкунии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, ки ҳамин гуна маҳсулоти воридотиро иваз мекунад, барои истеҳсоли алюминий ва таъмини мустақилияти истеҳсолии КВД “Ширкати алюминии тоҷик” нигаронида шудааст.

Ҳаҷми зарурии сармоягузорӣ барои амалисозии лоиҳа наздики 4,6 млн. сомонӣ (қариб 500 ҳазор доллар) нишон дода шудааст. Воситаҳо ба сифати қарзи имтиёзнок дархост карда мешавад.

Қаблан геологҳои тоҷик изҳор намуда буданд, ки тарзи ҳосил кардани гилхок аз кони Курговад дар ноҳияи Дарвозро дарёфт намуданд, аммо барои идомаи таҳқиқоти геологии кон маблағ зарур аст.

Дар Саридораи геология хабар дода буданд, ки аз маъдани мусковити кони Курговад оксиди алюминий гирифтанд. Захираҳои пешгӯишавандаи гилхок дар кон беш аз 1,5 млрд. тоннаро ташкил медиҳанд.

Дар Саридораи геология изҳори умедворӣ карда буданд, ки баъди ба эътидол омадани вазъи молии Ширкати алюминии тоҷик ва пайдо шудани воситаҳои иловагӣ, ба корҳои таҳқиқотӣ дар кони Курговад идома бахшида мешавад.

То ин замон зикр гардида буд, ки геологҳои тоҷик нақшаи технологии гирифтани ашёи хоми ибтидоӣ барои истеҳсоли алюминийро аз маъданҳои кони Курговад таҳия намуданд.

Қобили зикр аст, ки барои истеҳсоли 1000 кило алюминии аввалия 1920 кило гилхок зарур аст. Ин навъи ашёи хом барои Ширкати алюминии тоҷик айни замон асосан аз Озарбойҷон оварда мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...