Ҷоизаҳои дзюдочиёни тоҷику ӯзбек дар мусобиқаи Ҷоми президенти Тоҷикистон

Мусобиқаи 6-уми байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон, ки 2 октябр шурӯъ гардида буд, рӯзи  5 октябр бо баргузории вохӯриҳои финалӣ анҷом ёфт. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ТОҷикистон, дар мусобиқа 248 варзишгар аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон аз рӯи 7 категорияи вазнӣ барои ҷоизаҳо талош карданд. Гуфта […]

Мусобиқаи 6-уми байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон, ки 2 октябр шурӯъ гардида буд, рӯзи  5 октябр бо баргузории вохӯриҳои финалӣ анҷом ёфт.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ТОҷикистон, дар мусобиқа 248 варзишгар аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон аз рӯи 7 категорияи вазнӣ барои ҷоизаҳо талош карданд.

Гуфта мешавад, ба ғолибон медал, диплом, ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва ҷоми мусобиқа тақдим карда шуд. Барои ҷои дуюм медал, диплом ва ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва барои ҷои сеюм медал, диплом ва ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ тақдим гардид.

Ғолибони VI мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон:

Вазни -60кг:  Достон Рӯзиев (Ӯзбекистон), Фаррух Ҳалимов (Тоҷикистон), Аъзамҷон Аъзамҷонов (Тоҷикистон) ва Асрор Очилов (Ӯзбекистон).

Вазни -66кг: Абдуҷалил Юсупов (Узбекистон), Ёқубҷон Боқиев (Тоҷикистон), Нуроншо Бодомаев (Тоҷикистон) ва Муҳриддин Тилавов (Ӯзбекистон).

Вазни -73кг: Раҳматулло Фарҳодов (Тоҷикистон), Саидмухтор Расулов (Тоҷикистон),  Муҳаммадраҳим Сарахонов (Тоҷикистон) ва Мирзоҷамил Рамазонов (Тоҷикистон).

Вазни -81кг: Ҷаҳонгир Маҷидов (Тоҷикистон), Суҳроб Турсунов (Ӯзбекистон), Акмал Муродов (Тоҷикистон) ва Исроил Раҳимов (Тоҷикистон).

Вазни -90кг: Достон Мелиев (Ӯзбекистон), Саидҷамол Алимардонов (Тоҷикистон),  Шерафган Сардоров (Тоҷикистон) ва  Олим Авазов (Тоҷикистон).

Вазни -100кг: Саидҷалол Саидов (Тоҷикистон), Сергей Пак (Қазоқистон), Фарёд Шайхов (Тоҷикистон) ва Ғазалшои Давлатшо (Тоҷикистон).

Вазни +100кг: Темур Раҳимов (Тоҷикистон), Шакармамад Мирмамадов (Тоҷикистон), Самеъ Авғонов (Тоҷикистон) ва Бекбулат Токтоганов (Қирғизистон).

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.