Оғози сафари давлатии президенти Ҳиндустон ба Тоҷикистон

Имрӯз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд, ки 7 октябр бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, оғоз гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба ифтихори пазироии меҳмони олиқадр майдони Қасри миллат идона ороста шуда, парчамҳои давлатии Тоҷикистону Ҳиндустон партавафшонӣ дошт. Горди фахрии президентӣ ва оркестр саф ороста буд. Президенти […]

Имрӯз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд, ки 7 октябр бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, оғоз гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба ифтихори пазироии меҳмони олиқадр майдони Қасри миллат идона ороста шуда, парчамҳои давлатии Тоҷикистону Ҳиндустон партавафшонӣ дошт. Горди фахрии президентӣ ва оркестр саф ороста буд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҳиндустонро гарму самимӣ истиқбол гирифта, бо болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват кард.

Баъди гузориши фармондеҳи горди фахрӣ сурудҳои миллии ҳар ду давлат садо дод. Сарони давлатҳо аз назди сарбозон гузашта, ба парчами давлатии Тоҷикистон эҳтиром ба ҷо оварданд.

Маросими истиқболи расмӣ баъди шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии кишварҳо ва гузашти низомии сарбозон анҷом ёфт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.