Дар Тоҷикистон Фестивал-озмуни «Андалеб – 2018» оғоз мегардад

Asia-Plus

Дар ноҳияи Темурмалик рӯзи 12 октябр даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб – 2018» оғоз мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, сипас, 15 октябр дастаҳои ҳунарӣ аз ноҳияҳои Ховалинг ва Гулистон санъат ва маҳорати худро манзури тамошобинон ва ҳайати ҳакамони озмун мегардонанд.

Баромади дастаҳои ҳунарии шаҳру навоҳӣ дар доираи даври аввали Фестивал-озмун то 17 ноябри соли 2018 идома меёбад.

Даври дуюми Фестивал – озмун нимаи дуюми моҳи ноябр дар маркази вилоятҳо ва даври ҷамъбастӣ дар шаҳри Душанбе 24 ноябри соли 2018 дар Рӯзи ҷашни Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб – 2018» ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Мақсад аз баргузории фестивал – озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ҳунарҳои мардумӣ буда, аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ тавассути Фестивал – озмун комёбиҳои фарҳангу ҳунари ҳар як минтақаи кишварро бо тобишҳои рангини он манзури тамошобинон мегардонанд.

Фестивал аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон баргузор мегардад.

Барои ғолибони даври сеюми Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб – 2018» аз ҷониби муассис – Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳо супорида мешаванд.

Иштирокчиён ва созмондиҳандагони фаъоли фестивал – озмун инчунин бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон сарфароз мегарданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...