Беш аз 3,1 млрд. доллар ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тӯли 9 моҳ ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 2,3 млрд. доллар маҳсулот ворид шуда, содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар 809 млн. долларро ташкил дод.

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2018 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 3,1 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,1% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, касри (камбуди) тавозуни савдои Тоҷикистон чун ҳамешагӣ манфӣ ва ба 1 млрд. 508 млн. доллар баробар шуд.

Содирот

Тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми содирот аз ҷумҳурӣ наздики 809 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли гузашта 10,2% ё худ 92,2 млн. доллар камтар аст.

Дар ин давра ҳаҷми содироти фулузоти қиматбаҳо ва маснӯот аз он (212 млн доллар), воситаҳои нақлиёт (11,7 млн. доллар), мошину таҷҳизот (7,1 млн. доллар) ва маҳсулоти растанӣ (5,3 млн. доллар) ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфт.

Беш аз нисфи ҳаҷми умумии содиротро маҳсулоти минералӣ (ашёи хом), наздики 22%-ро фулузоти нимқиматбаҳо ва маснӯот аз он (алюминий), 20%-ро маҳсулоти дӯзандагӣ  ва 9,5%-ро нахи пахта ташкил медиҳад.

Воридот

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ воридот ба маблағи беш аз 2 млрд. 317 млн. доллар сурат гирифтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 – 17,9% ё худ 352 млн. доллар зиёдтар мебошад.

Аз ҷумла ҳаҷми воридоти фулузоти нимқиматбаҳо ва маснӯот аз он (118 млн. доллар), мошин ва таҷҳизот (101 млн. доллар), воситаҳои нақлиёт (97 млн. доллар), маҳсулоти минералӣ (82 млн. доллар) ва маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ (18 млн. доллар) ба ҷумҳурӣ афзуд.

Ҳудуди чоряки ҳисса аз ҳаҷми воридоти умумӣ ба мошин ва таҷҳизот, 18,6% – ба маҳсулоти минералӣ, 13,6% – ба фулузоти нимқиматбаҳо ва маснӯот аз он, 9,5% – ба маҳсулоти саноати кимиё, 7,6% – ба маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ, ва 7,2% – ба маҳсулоти растанӣ рост меояд.

Шарикони тиҷоратӣ

Тайи 9 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 97 кишвари саросари ҷаҳон муомилоти молӣ анҷом додааст.

Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия боқӣ монда, тайи 9 моҳ ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Русия беш аз 750 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи гузашта қариб 12% зиёдтар аст.

Дар ин давра Тоҷикистон бо Қазоқистон – ба маблағи беш аз 612 млн. (афзоиш – 5,3%), Чин – 475 млн., Туркия – 291 млн. ва Ӯзбекистон – ба 218 млн. доллар муомилоти молӣ анҷом додааст.

Харидори (воридкунандаи) асосии маҳсулоти Тоҷикистон Қазоқистон мебошад, ки наздики 28% аз ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон ба ин кишвар рост меояд. Воидкунандаи асоси маҳсулот ба бозори Тоҷикистон Русия (беш аз 30% аз ҳаҷми умумии воридот ба Тоҷикистон) шуморида мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...