Дар маркази шаҳри Москва ҳайкали Ислом Каримов гузошта шуд

Дар маркази шаҳри Москва шаби 14 ба 15 октябр ҳайкали президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов қомат афрохт. Дар ин бора бо истинод ба Андрей Морев, раиси Шӯрои вакилони ҳавзаи Якиманкаи Москва Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад. Вай дар Фейсбук навиштаас, ки насби ҳайкал шабона "таҳти муҳофизати ду автобус ва ду мошини пулис" пинҳон аз […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар маркази шаҳри Москва шаби 14 ба 15 октябр ҳайкали президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов қомат афрохт.

Дар ин бора бо истинод ба Андрей Морев, раиси Шӯрои вакилони ҳавзаи Якиманкаи Москва Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад.

Вай дар Фейсбук навиштаас, ки насби ҳайкал шабона "таҳти муҳофизати ду автобус ва ду мошини пулис" пинҳон аз чашми сокинон сурат гирифт. "Ҳайкал шабона, бо тарс насб шуд. Агар аз чизе наметарсиданд, пас ҳайкалро рӯзона насб мекарданд", – навиштааст Морев. Раиси Шӯрои вакилони ҳавзаи Якиманка талош дошт, аз гузоштани ҳайкали Ислом Каримов пешгирӣ кунад.

Моҳи январи соли ҷорӣ вакилони ҳавзаи Якиманкаи шаҳри Москва зидди гузоштани ҳайкали Ислом Каримов садо баланд карданд.

Шаҳрдори Москва Сергей Собянин 1 ноябри соли 2016 дар бораи насби ҳайкали Каримов қарор содир карда буд. Дар қарор гуфта мешуд, ки ҳайкали Каримов то 31 декабри соли 2019 бояд дар ноҳияи Якиманкаи Москва гузошта шавад.

Ислом Каримов аз соли 1989 то лаҳзаи маргаш дар 2 сентябри соли 2016 Ӯзбекистонро роҳбарӣ кард. Вай дар 78-солагӣ вафот кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.