Даъвати Зуҳуров ба навсозии тамоми қонунҳо дар бораи бонкҳо

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз аз камсамарии қонунофарӣ дар соҳаи бонкии кишвар изҳори норозигӣ кард. Ӯ изҳор дошт, ки дар қонунҳои қаблан қабулшуда, ки бахши бонкиро дар кишвар танзим мекунанд, гуногунфаҳмӣ ва мухолифатҳо дучор мешаванд. “Ду сол боз мо дар як ҷой почак зада, буҳрони бонкӣ дар кишвар идома дорад”, – изҳор намуд […]

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз аз камсамарии қонунофарӣ дар соҳаи бонкии кишвар изҳори норозигӣ кард.

Ӯ изҳор дошт, ки дар қонунҳои қаблан қабулшуда, ки бахши бонкиро дар кишвар танзим мекунанд, гуногунфаҳмӣ ва мухолифатҳо дучор мешаванд.

“Ду сол боз мо дар як ҷой почак зада, буҳрони бонкӣ дар кишвар идома дорад”, – изҳор намуд Зуҳуров.

Ӯ қайд кард, ки қарздиҳандагон дар бонкҳо зимни анҷоми расмиёти қарзҳо зери гарав амволи қарзгирандагонро бо як нарх баҳогузорӣ намуда, баъдан маълум мешавад, ки арзиши амволи зери гарав гузошташуда бамаротиб камтар аст.

“Дар қонун ба чунин нофаҳмиҳову мухолифат набояд роҳ дода шавад”, – зикр кард раиси палатаи поёнии парлумон.

Зуҳуров ба раиси Бонки милии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дастур дод, ки чараёни таҳияи тағйироту иловаҳо ба қонунҳои кишвар дар соҳаи бонкӣ, ки ба ақдиаи ӯ, гуногунфаҳмиву мухолифатҳоро бартараф месозанд, тезонида шавад.

Имрӯз вакилон ҳамчунин аз лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда “Дар бораи гарави амволи манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда” ҷонибдорӣ намуданд.

Ба гуфтаи раиси Бонки миллӣ, маҳз қонуни қабулшуда ба бартараф сохтани гуногунфаҳмӣ ва мухолифат дар қонунгузории бонкӣ нигаронида шудааст.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳамчунин хабар дод, ки ояндаи наздик ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки ба даҳҳо қонунҳои танзимкунандаи кори соҳаи бонкӣ тағйирот ворид намояд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров дар навбати худ қайд кард, ки қонунҳои қабулмешуда, ки фаъолияти бонкиро танзим мекунанд, барои фаҳмидан хеле мушкиланд. Ӯ ба Бонки миллӣ пешниҳод намуд, ки ба чунин қонунҳо ва тағйироти ба онҳо воридмешуда шарҳу тавзеҳ омода кунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.