Парлумон сохтмони корхонаи истеҳсоли автомобилҳоро дар Душанбе маъқул донист

Корхона тирамоҳи соли 2019 ба кор даромада, дар як сол то 300 автобусу мошинҳои боркаш истеҳсол мекунад. Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз Созишнома дар бораи сохтмони корхонаи истеҳсоли нақлиёти ҷамъиятии мусофирбару боркашро дар ҷуиҳурӣ якдилдона тасдиқ намуд. Созишномаи мазкур моҳи август байни ҳукумати Тоҷикистон, ширкати тоҷикистонии “Авесто Групп” ва ширкати Ulasim Ic Ve Dis Ticaret […]

Корхона тирамоҳи соли 2019 ба кор даромада, дар як сол то 300 автобусу мошинҳои боркаш истеҳсол мекунад.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз Созишнома дар бораи сохтмони корхонаи истеҳсоли нақлиёти ҷамъиятии мусофирбару боркашро дар ҷуиҳурӣ якдилдона тасдиқ намуд.

Созишномаи мазкур моҳи август байни ҳукумати Тоҷикистон, ширкати тоҷикистонии “Авесто Групп” ва ширкати Ulasim Ic Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi-и Туркия ба имзо расида буд.

Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух ба вакилон хабар дод, ки барои сохтмони иқтидорҳои истеҳсол ва хизматгузории автобусҳову автомобилҳои боркаш дар Тоҷикистон 20 млн. доллар маблағ равона мегардад. Маблағгузорӣ баробар – 10 млн. долларӣ аз ҷониби ширкатҳои тоҷикистонӣ ва туркӣ сурат мегирад.

Дар давраи аввал баъди ба истифода додани корхона дар он 240 нафар машғули кор хоҳанд шуд, ки мувофиқи созишнома, 80% (на камтар аз 200 нафарашон)-ро бояд шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил диҳанд.

лоиҳа аз ҷониби корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Туркия «Акиа Авесто Автоматив Индастри» ва «Сити Сервис Лтд» амалӣ мешавад.

Корхонаи аввал ба истеҳсоли нақлиёти мусофирбару боркаш ва корхонаи дуюм ба хизматгузории ворситаҳои нақлиёти истеҳсолшуда машғул хоҳад шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.