ММД Тоҷикистон тӯли 9 моҳ беш аз 5 млрд. долларро ташкил дод

Рушди воқеии иқтисоди Тоҷикистон тӯли 9 моҳи соли равон дар муқосиа бо ҳамин давраи соли гузашта 7%-ро ташкил дод. Давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2018 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ ба беш аз 47,5 млрд. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта дар нархҳои қиёспазир 7% бештар мебошад. Бахши кишоварзӣ алҳол […]

Рушди воқеии иқтисоди Тоҷикистон тӯли 9 моҳи соли равон дар муқосиа бо ҳамин давраи соли гузашта 7%-ро ташкил дод.

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2018 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ ба беш аз 47,5 млрд. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта дар нархҳои қиёспазир 7% бештар мебошад.

Бахши кишоварзӣ алҳол афзалият дорад

Дар сохтори ММД бахши кишовразӣ то ҳол афзалият дорад (18,6%), ҳарчанд ҳиссаи ин бахш дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин 2,1% кам шудааст.

Бо назардошти то ҳанӯз ба охир нарасидани мавсими ҳосилғундорӣ, метавон пешбинӣ кард, ки то охири сол ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар сохтори ММД ба самти афзоиш тағйир меёбад.

Ба соҳаи саноат бо шумули энергетика 17,2%-и ҳиссаи ММД рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 0,1% зиёдтар аст.

Ҳиссаи савдо, таъмири автомобилҳо, молҳои маишӣ ва лавозимоти истифодаи шахсӣ, меҳмонхона ва тарабхонаҳо дар сохтори ММД тӯли 9 моҳ 14,9%, нақлиёт, алоқа ва хоҷагии анбордорӣ- 11,6% ва андозҳо – 11,3%-ро ташкил медиҳанд.

Ҳукумат ният дорад, ки Тоҷикистони аграриро ба давлати рушдёфтаи индустриалӣ табдил диҳад. Бо ин мақсад тақвияти иқтидорҳои саноатӣ ва энергетикӣ ва коҳиши вобастагии иқтисод аз соҳаи кишваорзӣ ба нақша гирифта шудааст.

Пешгӯиҳо

Соли гузашта афзоиши иқтисоди Тоҷикистон 7,1%-ро ташкил дод. Имсол ҳукумат аз 7% сатҳи рушд интизорӣ дорад.

Чанде қабл Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) пешгӯии суръати рушди иқтисоди Тоҷикистонро то охири ҳамин сол ва соли 2019 ба 1 банди фоизӣ – то 5% зиёд кард.

Охири моҳи сентябр Бонки осиёгии рушд ба ҷуз Тоҷикистону Қазоқистон, поинравии рушди иқтисод дар дигар кишварҳои Осиёи Марказиро пешгӯӣ намуда, рушди иқтисоди Тоҷикистонро 6% пешбинӣ кард.

То ин замон аввали моҳи сентябр Бонки авруосиёии рушд нигаҳдории сатҳи баланди фаъолнокии иқтисодиро то охири сол барои Тоҷикистон пешгӯӣ карда, рушди иқтисоди кишварро дар сатҳи 7,1% имконпазир донист.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.