Мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе моҳи ноябр оғоз мегардад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сарфи назар аз тағйироти обуҳаво, мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе аз 1 ноябр шурӯъ мешавад ва агар вазъи обуҳаво имкон диҳад, рӯзи 15 ноябр ба хонаҳо гармӣ дода мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохтори энергеткии ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, рӯзи 17 октябр кори қубурҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе санҷида шуданд.

“Дар ин рӯз барои санҷиши кори қубурҳо ба биноҳои истиқоматии маҳаллаҳои Зарафшон ва Испечаки пойтахт гармӣ интиқол дода шуд. То мавсими оғози гармидиҳӣ дар ҳамаи маҳаллаҳои шаҳр чунин санҷишҳо гузаронида мешаванд”, – гуфт манбаъ.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ) Душанбе-2 шабонарӯзӣ то 4,2 млн. киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол мешавад.

“Феълан танҳо ду агрегати Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и “Душанбе-2” кор мекунанд, ки то 4,2 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунанд”, – хабар дода буданд ба “Азия-Плюс” аз ширкати “Барқи тоҷик”. – Баъдтар боз ду агрегати дигар ҳам ба кор дароварда мешаванд”.

Дар ширкат қайд карданд, ки айни замон дар корхона танҳо нерӯи барқ истеҳсол карда мешавад, зеро ба энергияи гармӣ алҳол зарурат нест.

Иқтидори умумии МБГ “Душанбе-2” 400 МВт нерӯи барқ ва 360 Гкал энергияи гармиро ташкил медиҳад. Корхона ба истеҳсоли то 9 млн. кВт/соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз қодир аст, ки беш аз 60%-и талаботи пойтахт ба нерӯи барқро таъмин карда метавонад.

Дар ҳамин ҳол, бо оғози мавсими гармидиҳӣ баъди танаффуси тӯлонӣ Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-1 бо истифода аз гази Ӯзбекистон ба кор оғоз мекунад. Ду дегхонаҳои шаҳрии “Шарқӣ” ва “Ғарбӣ”, ки ба сохтори МБГ “Душанбе-1” дохиланд, дар як вақт ба кор дароварда мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...