Рӯйхати амволи манқули гарав ба ҳама дастрас мешавад

Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонунро “Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда” қабул кард. Санади нав баъди тасдиқ дар палатаи болоии парлумон ва имзои он аз ҷониби президенти кишвар, қонуни амалкунанда “Дар бораи гарави амволи манқул”-ро иваз мекунад.

“Фарқияти асосии қонуни нав дар он ифода меёбад, ки ба он модда дар бораи Рӯйхати ягонаи давлатии уҳдадориҳои гарав ворид карда шуд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз парлумони ҷумҳурӣ.

Бино ба гуфтаи манбаъ, бақайдгирии гаравҳо ва пешбурду таҳияи Рӯйхати ягонаи давлатии уҳдадориҳои гарав  мутобиқи қонуни нав тариқи шабакаи Интернет сурат мегирад, ки ин ба ҳар кадоме аз шаҳрвандон барои дастрас кардани маълумоти лозимӣ аз ин рӯйхат имкон медиҳад.

“Навгониҳои мазкур ба шаффофияти бақайдгирии гаравҳо ва кори пешбурду таҳияи рӯйхат нигаронида шудаанд”, – қайд кард манбаъ.

Ғайр аз ин, таъкид дошт манбаъ, мувофиқи қонуни амалкунанда ваколатдори бақайдгирии гаравҳо ва кори пешурду таҳияи рӯйхат Вазорати адлия мебошад.

Дар қонуни нав муқаррар карда мешавад, ки мақомоти ваколатдори бақайдгирии гаравҳо ва кори пешбурду таҳияи рӯйхатро ҳукумати ҷумҳурӣ муайян мекунад”, – афзуд манбаъ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...