«Даркор 59» – маъмултарин тарофаи нақшавии «Даркор» аз Tcell!

Ҳамагӣ ду ҳафта қабл аз ин ширкати Tcell тарофаи нақшавии нав таҳти унвони “Даркор”-ро муаррифӣ ва роҳандозӣ кард. Аммо тайи ин муддати кӯтоҳ муштариёни зиёде ба тарофаҳои “Даркор” пайваст гардида, миёни ин тарофаҳои нақшавӣ аллакай маъмултаринаш- тарофаи “Даркор 59” маҳсуб ёфта, буда, дар мақоми дуввум тарофаи “Даркор 99” қарор дорад.  Дар ҷадвали тарофаҳои «Даркор» аз […]

Ҳамагӣ ду ҳафта қабл аз ин ширкати Tcell тарофаи нақшавии нав таҳти унвони “Даркор”-ро муаррифӣ ва роҳандозӣ кард. Аммо тайи ин муддати кӯтоҳ муштариёни зиёде ба тарофаҳои “Даркор” пайваст гардида, миёни ин тарофаҳои нақшавӣ аллакай маъмултаринаш- тарофаи “Даркор 59” маҳсуб ёфта, буда, дар мақоми дуввум тарофаи “Даркор 99” қарор дорад. 

Дар ҷадвали тарофаҳои «Даркор» аз Tcell – 6 тарофаи нақшавӣ, ки бо мушаххасоти худ аз якдигар тафовут доранд, мавҷуд мебошад: бо бастаҳои гуногуни интернету мегабайт, трафик ва дақиқаву SMS-паёмакҳо.

 «Даркор» ҳамчун тарофаи универсалӣ барои одамоне, ки ҳамеша дар иртибот буданро мехоҳанд, роҳандозӣ шудааст: ҳам барои корбарони интернет, ки ҳисоб кардани трафику мегабайтҳоро одат накардаанд ва ҳам барои онҳое, ки зиёд занг мезананду паём менависанд. Тарофаҳои «Даркор» – бастаҳои калони Интернет ва бастаи дақиқаҳои занг дар дохили Тоҷикистонро доранд. Тамос (занг)-ҳо дар дохили шабакаи Тсеll бошанд, бемаҳдуд ва нархгузорӣ намешаванд. 

Ҳамин тавр, «Даркор» – дар ҳақиқат тарофаи «Зарурӣ» дар ҳама ҳолат ва барои ҳама аст, ҳам барои тамос, барои истифодаи Интернет ва низ барои гуфтугӯ дар дохили шабакаву паёмнависӣ. 

То имрӯз миёни тарофаҳои мазкур аз ҳама маъмули он «Даркор 59» ба ҳисоб меравад, зеро муштариён ба ин намуди тарофа авлавияти бештар медиҳанд. Ҳамагӣ бо 59 сомонӣ дар як моҳ шумо соҳиби 3000 МБ трафики интернет, 30 дақиқаи занг ба рақами дигар операторон ва тамоси комилан бе лимит дар дохили шабакаи Tcell мешавед! Барои намуна, 3000 МБ – ин 6 соат бетаваққуф тамошои видео дар Youtube, 60 соат бозии онлайн ва 35 соати “сайру гашт” дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст.  

Тарофаи «Даркор 99», ки пас аз “Даркор 59” маъмул аст, ҳаҷми бештари интернет ва бастаи дақиқаҳоро дорад. Бо 99 сомонӣ дар як моҳ ин тарофа ба муштарӣ 8000 МБ трафики интернет, 80 дақиқаи зангҳо ба дигар операторон ва тамоси бе лимит дар дохили шабака пешниҳод менамояд. 8000 МБ барои боргирии 2250 оҳангу мусиқӣ, 14 серияи филми дӯстдошта ва 180 китоби савтӣ (аудиокитоб) басанда аст!

«Мо албатта ба ҳайрат науфтодаем, ки миёни тарофаҳои “Даркор” муштариён авлавияти бештарро ба тарофаҳои нақшавии  «Даркор 59» ва  «Даркор 99» медиҳанд. Ин ду тарофа аз шумули тарофаҳои камарзиш нестанд, аммо дар баробари ин басатҳои калони интернет ва дақиқаву паёмакҳоро доранд. Дар замони мо, иртиботу интернет, гӯш кардани мусиқӣ, тамошои филм ва ирсоли паёмакҳо аз талаботи асри диҷитол мебошанд. Вобаста ба ин, муштариёни мо бештар тарофаҳоеро меписанданду ба он пайваст мешаванлд, ки бастаҳои бештари интернет ва дақиқаву зангҳои белимитро доранд”,- қайд мекунанд дар ширкати Тселл.   

Дар ҷадвали тарофаҳои «Даркор» ҳар муштарӣ метавонад барои худ тарофаи зарурӣ ва мақбулашро интихоб намояд: яъне, аз «Даркор 19» то «Даркор 199».  

Тафсилоти бештарро дар бораи тарофаҳо аз пайванди зер дар сомонаи ширкат пайдо мекунед: http://www.tcell.tj/new-tariffs/tariff-darkor.php

___________________

 Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.