Рӯйхати амволи манқули гарав ба ҳама дастрас мешавад

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонунро “Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда” қабул кард. Санади нав баъди тасдиқ дар палатаи болоии парлумон ва имзои он аз ҷониби президенти кишвар, қонуни амалкунанда “Дар бораи гарави амволи манқул”-ро иваз мекунад. “Фарқияти асосии қонуни нав дар он ифода меёбад, ки ба он модда дар […]

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонунро “Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда” қабул кард. Санади нав баъди тасдиқ дар палатаи болоии парлумон ва имзои он аз ҷониби президенти кишвар, қонуни амалкунанда “Дар бораи гарави амволи манқул”-ро иваз мекунад.

“Фарқияти асосии қонуни нав дар он ифода меёбад, ки ба он модда дар бораи Рӯйхати ягонаи давлатии уҳдадориҳои гарав ворид карда шуд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз парлумони ҷумҳурӣ.

Бино ба гуфтаи манбаъ, бақайдгирии гаравҳо ва пешбурду таҳияи Рӯйхати ягонаи давлатии уҳдадориҳои гарав  мутобиқи қонуни нав тариқи шабакаи Интернет сурат мегирад, ки ин ба ҳар кадоме аз шаҳрвандон барои дастрас кардани маълумоти лозимӣ аз ин рӯйхат имкон медиҳад.

“Навгониҳои мазкур ба шаффофияти бақайдгирии гаравҳо ва кори пешбурду таҳияи рӯйхат нигаронида шудаанд”, – қайд кард манбаъ.

Ғайр аз ин, таъкид дошт манбаъ, мувофиқи қонуни амалкунанда ваколатдори бақайдгирии гаравҳо ва кори пешурду таҳияи рӯйхат Вазорати адлия мебошад.

Дар қонуни нав муқаррар карда мешавад, ки мақомоти ваколатдори бақайдгирии гаравҳо ва кори пешбурду таҳияи рӯйхатро ҳукумати ҷумҳурӣ муайян мекунад”, – афзуд манбаъ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.