Таркиш дар Керч 19 нафар кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузошт

Дар натиҷаи таркиши маводи мунфаҷира дар як Коллеҷи шаҳри Керч 19 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, таркиш рӯзи 17-уми октябр дар Омӯзишгоҳи политехникии ин шаҳри воқеъ дар Қрим рух дод. Қрим соли 2014 аз ҷониби Русия ғасб шудааст. Хабаргузориҳои давлатӣ бо такя ба Кумитаи […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар натиҷаи таркиши маводи мунфаҷира дар як Коллеҷи шаҳри Керч 19 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, таркиш рӯзи 17-уми октябр дар Омӯзишгоҳи политехникии ин шаҳри воқеъ дар Қрим рух дод. Қрим соли 2014 аз ҷониби Русия ғасб шудааст. Хабаргузориҳои давлатӣ бо такя ба Кумитаи миллии зиддитеррористӣ гуфтанд, ки таркиш дар натиҷаи инфиҷори маводи тарканда рух дод.

Дар хабарҳои аввал сабаби рӯй додани ҳодисаро таркиши балони газ гуфтанд, вале сухангӯи ширкати газ дафъатан чунин иддаоро рад кард. Ӯ гуфт, ки ҳеҷ созишномае дар бораи таъмини гази табиӣ ба коллеҷ вуҷуд надорад.

Сергей Аксенов, роҳбари Қрими ғасбшуда хабар дод, донишҷӯе ки ин ҳамларо ташкил кард, аз қабл омодагӣ дидааст. Вай моҳи октябр иҷозаи доштани силоҳи шикориро пайдо кардааст. Силоҳе ки вай ҳамроҳ дошт, қонунӣ буд.

Хабаргузориҳо менависанд, бино бар фарзияҳои пешакӣ, сабаби ин ҳамла низоъи донишҷӯ бо омӯзгорон аст.

Ин ҳамларо донишҷӯи коллеҷи мазкур Владислав Росляков ташкил кард. Вай баъди ҳамла худкушӣ кард. Кумитаи тафтишотии Русия бо моддаи куштори 2 ва ё зиёда одамон парванда боз кардааст. Пештар аз ин ҳамин кумита бо моддаи теракт парванда боз карда буд, аммо каме баъдтар онро тағйир дод. Дар Қрими ғасбшуда мотами серӯза эълон шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.