Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амали даҳшатангези зӯроварона дар Коллеҷи политехникии шаҳри Керч ба Президенти Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки хабари фоҷиабори ҳалокат ва захмӣ шудани одамон ба асари амали даҳшатангези зӯроварона дар Коллеҷи политехникии шаҳри Керчро […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амали даҳшатангези зӯроварона дар Коллеҷи политехникии шаҳри Керч ба Президенти Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки хабари фоҷиабори ҳалокат ва захмӣ шудани одамон ба асари амали даҳшатангези зӯроварона дар Коллеҷи политехникии шаҳри Керчро мардуми Тоҷикистон бо андӯҳи гарон дарёфтанд.

“Тасаллияти амиқ ва ҳамдардиамонро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон изҳор дошта, ба тамоми захмишудагон шифои ҳарчи зудтар таманно дорем”, – омадааст дар барқияи Президенти Точикистон.

Ёдрас мекунем, ки дар натиҷаи таркиши маводи мунфаҷира дар як Коллеҷи шаҳри Керч 19 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. таркиш рӯзи 17-уми октябр дар Омӯзишгоҳи политехникии ин шаҳри воқеъ дар Қрим рух дод.

Сергей Аксенов, роҳбари Қрим хабар дод, донишҷӯе ки ин ҳамларо ташкил кард, аз қабл омодагӣ дидааст. Вай моҳи октябр иҷозаи доштани силоҳи шикориро пайдо кардааст. Силоҳе ки вай ҳамроҳ дошт, қонунӣ буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.