Эмомалӣ Раҳмон бо дастовард ва мушкилоти Суғд шинос мешавад

Asia-Plus

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст бо иштироки Президент дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қитъаи роҳи мошингарди “Деҳмой-Меҳробод-Маданият” пас аз навсозии пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Қитъаи мазкур дар доираи Лоиҳаи “Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ” (таҷдиди роҳи мошингарди Хуҷанд – Исфара) навсозӣ шудааст. Масофаи умумии қитъаи роҳи мошингарди “Деҳмой-Меҳробод-Маданият” 17 километрро дар бар гирифта, паҳноии он аз 8 то 16 метрро ташкил медиҳад.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон кӯдакистони хусусии “Нурафшон” – ро барои 240 нафар мавриди истифода қарор дод. Бинои кӯдакистон аз ду ошёна, маҷмуъи иншооти асосӣ ва ёрирасон иборат аст. Манораи бино бошад, барои хизматрасонии техникӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ин ҷо ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар кӯдакистон 8 ҳуҷраи бозии кӯдакон, 8 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳои ёрирасон, ҳавзи оббозӣ, ошхона барои 50 нафар, катҳои хоб барои 200 нафар ва дигар иншоот мавҷудаст.

Дар Ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов Президенти мамлакат коргоҳи дӯзандагию қолинбофиро ба истифода дод. Бо бунёди коргоҳ 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ наздики 30 нафар занону духтарони хонанишин ба кор ҷалб гардида, ба дӯхти сару либоси ягона барои мактабҳо, корхонаву муассисаҳо, рахти хоб ва либосҳои миллӣ машғуланд. Сехи дӯзандагӣ дорои 20 адад мошинаи дарздӯзӣ, бурандагӣ, дарзмолкунӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти “Меҳробод”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов Маркази нави саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Бинои марказ 2 ошёна буда, аз 21 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои қабули мизоҷон, иммунизатсия, хуҷраи хатна, доругузаронӣ, таҳлилгоҳ, 10 ҳуҷраи табиби оилавӣ ва 3 ҳуҷраи ёрирасон иборат аст.

Маркази саломатӣ он бо 85 номгӯйи таҷҳизоти тиббӣ, 6 намуд дастгоҳҳои хунуккунӣ, аз ҷумла яхдон барои нигоҳдории ваксинаҳо, ҷуздон, 31 номгуйи мебелҳои тиббӣ, мизу курсиҳо, рахти хоб, ҷевонҳо ва ғайра ва ғайра таъмин карда шуданд. Дар он 10 нафар табиб, 23 корманди миёнаи тиббӣ ва 2 корманди хурди тиббӣ бо шароити кории хуб таъмин карда шуданд.

Зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ҷаббор Расулов Президенти мамлакат изҳор намуд, ки мувофиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҷаббор Расулов барои солҳои 2016-2020 татбиқи 82 лоиҳа ба маблағи 485 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Зикр мегардад, ки ба муносибати сисолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баъди ба имзо расидани Амри Президент дар ин бобат, бунёд намудани 300 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин ҳисоб то имрӯз, аллакай, 34 иншоот сохта, мавриди истифода қарор гирифтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...