Коршиносон: Вақти барҳамдиҳии «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» фаро расидааст

Зимни вохӯрӣ бо соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ва сармоягузорон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуд, ки ниҳодҳои молӣ бидуни ҳеҷ мушкилоте бонкҳои Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, агар нақшаҳои тиҷоратии ҳамаҷониба асоснокшуда пешниҳод шавад. Зимни сафари чанде қабли ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор ба Тоҷикистон намояндагони ин ниҳоди молӣ дар бораи зарурати андешидани тадбирҳои муассир баҳри барқарор кардани […]

Зимни вохӯрӣ бо соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ва сармоягузорон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуд, ки ниҳодҳои молӣ бидуни ҳеҷ мушкилоте бонкҳои Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, агар нақшаҳои тиҷоратии ҳамаҷониба асоснокшуда пешниҳод шавад.

Зимни сафари чанде қабли ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор ба Тоҷикистон намояндагони ин ниҳоди молӣ дар бораи зарурати андешидани тадбирҳои муассир баҳри барқарор кардани эътимоди мардум ба бонкҳо изҳори назар карданд.

Намояндагони Хазина дар изҳороти худ саҳеҳан намегӯянд аз кадом тадбирҳо мушаххас сухан меравад, лекин манбаъҳои огаҳ аз вазъи “Азия-Плюс” мегӯянд, ин ҷо сари бозхонди иҷозатномаҳо аз бонкҳои дорои мушкилоти “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” сухан меравад.

Иқтисодчӣ Алӣ Ализода бар ин назар аст, ки бо назардошти осебпазирӣ ва ноустувории тамоми низомии бонкии мо, наҷоти бонкҳои дорои мушкилот кори серхароҷот ва комилан бефоида аст, зеро ҳарчанд ҳарду бонк аз ҳукумат кумаки назаррас гирифта бошанд ҳам, мушкилро бартараф карда натавонистанд.

“Аз ин рӯ, дар чунин ҳолат ба ҷуз бозхонди иҷозатномаҳои онҳо, дигар илоҷе нест. Барои ба ҳадди камтарин расонидани хатарҳо зимни барҳамдиҳӣ Бонки миллӣ бояд як қисмате аз уҳдаориҳо, “дар навбати аввал назди амонатгузоронро бояд ба дӯш гирад, то ки эътимоди аққалан қисмате аз онҳоро баргардонад”, – иброз дошт ӯ.

Коршиноси соҳаи молия Уткир Умаров мегӯяд, миёни барҳамдиҳӣ ва ҳамин тавр боқӣ мондани фаъолияти бонкҳо фарқ дар он аст, ки дар ҳолати аввал амонатгузорон ва қарздиҳандагон зарар дида, дар ҳолати дуюм буҷет, саҳеҳтараш андозсупорандагон зиён мебинанд ва дар сурати амалӣ шудани варианти аввал шаҳрвандони оддӣ метавонанд амонатҳояшонро аз даст диҳанд, лекин ба ҳар ҳол боқӣ уқзоштани чунин ҳолат ҳам имкон надорад.

 “Аз лиҳози иқтисодӣ ин бонкҳоро барҳам додан лозим аст ва ин ҷо масъала муфлисшавии доимӣ ва маҷбуранд кумакрасонӣ аз буҷет набуда, ҳарчанд барои ин маблағҳои зиёд зарур аст, асосиаш дар он аст, ки ҳузури чунин бонкҳо эътимоди мардумро ба бонкҳо кам мекунад.

Ҳамин тариқ, ба гуфтаи ӯ, барҳамдиҳӣ роҳи ягона буда, Бонки миллиро зарур аст, ки оқибатҳои онро тариқи баргардонидани амонатҳо бо тартиби афзалиятнок коҳиш диҳад ва дар сурати зарурат бо ин мақсад аз ҷониби буҷет ҳам дастгирӣ бояд шавад.

“Ҷалби сармояи хориҷӣ аз ҷониби ин бонкҳо ғайриимкон аст, зеро ҳеҷ касе ба бонкҳои идоракуниашон мушкил, саҳеҳтараш бонкҳои муфлисшуда сармоягузорӣ нахоҳад кард”, – шарҳ дод коршинос.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.