Фурӯшгоҳи китоб ба ҷойи тарабхона: макони нави китобфурӯшон

Таҳмина Охонвалиева, Asia-Plus

Мағозаҳои фурӯши китоб, ки дар ошёнаи якуми бинои баландошёна дар хиёбони Исмоили Сомонӣ воқеъ буданд, дар ниҳояти кор макони нав дарёфтанд: акнун онҳо дар собиқ тарабхонаи “Сарез” ба китобфурӯшӣ машғул хоҳанд шуд.

“Дӯстдорони китоб ва харидорони доимӣ акнун моро дар ошёнаи якуми собиқ бинои тарабхонаи “Сарез” пайдо карда метавонанд. Айни замон ин ҷо таъмир ба итмом расида, анҷоми корҳои начандон назаррас боқӣ монд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” яке аз фурӯшандагони китобҳо бо номи Фирдавс.

“Ҷойи нав хуб аст, лекин бо пештара баробар шуда наметавонад. Дар маркази шаҳр харидорон зиёдтар буданд. Ҳеч гап не, акнун ба ҷойи нав одат мекунем”, – мегӯяд Фирдавс.

Ёдрас мекунем, ки ошёнаи якуми бинои баландошёнаро, ки дар он мағозаҳои китобфурӯшӣ ба таври иҷора ба савдо машғул буданд, соҳибкори инфиродӣ Тоҷиддин Шарипов қариб ба маблағи 30 млн. сомонӣ харид.

Тибқи баъзе маълумот, ӯ ҳам ин биноро ба иҷора медиҳад. Ояндаи наздик дар ин ҷо ифтитоҳи қаҳвахонаи туркӣ дар назар аст.

“Ба мо ҳам иҷораро бо нархи 10 доллар (қариб 100 сомонӣ) пешниҳод карданд, ки бароямон хеле гарон аст, зеро пештар мо 47,24 сомонӣ барои иҷора пардохт мекардем”, – изҳор дошт Фирдавс.

Бино ба гуфтаи иҷорагирон, бинои нави фурӯшгоҳи китобҳоро худи онҳо мустақилона дарёфтаанд.

Қобили зикр аст, ки дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Лоҳутии шаҳри Душанбе низ бинои фурӯшгоҳи китобҳо ояндаи наздик кӯчонида ва ба ҷойи он бинои нави баландошёна сохта мешавад..

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...