Фурӯшгоҳи китоб ба ҷойи тарабхона: макони нави китобфурӯшон

Мағозаҳои фурӯши китоб, ки дар ошёнаи якуми бинои баландошёна дар хиёбони Исмоили Сомонӣ воқеъ буданд, дар ниҳояти кор макони нав дарёфтанд: акнун онҳо дар собиқ тарабхонаи “Сарез” ба китобфурӯшӣ машғул хоҳанд шуд. “Дӯстдорони китоб ва харидорони доимӣ акнун моро дар ошёнаи якуми собиқ бинои тарабхонаи “Сарез” пайдо карда метавонанд. Айни замон ин ҷо таъмир ба […]

Таҳмина Охонвалиева, Asia-Plus

Мағозаҳои фурӯши китоб, ки дар ошёнаи якуми бинои баландошёна дар хиёбони Исмоили Сомонӣ воқеъ буданд, дар ниҳояти кор макони нав дарёфтанд: акнун онҳо дар собиқ тарабхонаи “Сарез” ба китобфурӯшӣ машғул хоҳанд шуд.

“Дӯстдорони китоб ва харидорони доимӣ акнун моро дар ошёнаи якуми собиқ бинои тарабхонаи “Сарез” пайдо карда метавонанд. Айни замон ин ҷо таъмир ба итмом расида, анҷоми корҳои начандон назаррас боқӣ монд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” яке аз фурӯшандагони китобҳо бо номи Фирдавс.

“Ҷойи нав хуб аст, лекин бо пештара баробар шуда наметавонад. Дар маркази шаҳр харидорон зиёдтар буданд. Ҳеч гап не, акнун ба ҷойи нав одат мекунем”, – мегӯяд Фирдавс.

Ёдрас мекунем, ки ошёнаи якуми бинои баландошёнаро, ки дар он мағозаҳои китобфурӯшӣ ба таври иҷора ба савдо машғул буданд, соҳибкори инфиродӣ Тоҷиддин Шарипов қариб ба маблағи 30 млн. сомонӣ харид.

Тибқи баъзе маълумот, ӯ ҳам ин биноро ба иҷора медиҳад. Ояндаи наздик дар ин ҷо ифтитоҳи қаҳвахонаи туркӣ дар назар аст.

“Ба мо ҳам иҷораро бо нархи 10 доллар (қариб 100 сомонӣ) пешниҳод карданд, ки бароямон хеле гарон аст, зеро пештар мо 47,24 сомонӣ барои иҷора пардохт мекардем”, – изҳор дошт Фирдавс.

Бино ба гуфтаи иҷорагирон, бинои нави фурӯшгоҳи китобҳоро худи онҳо мустақилона дарёфтаанд.

Қобили зикр аст, ки дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Лоҳутии шаҳри Душанбе низ бинои фурӯшгоҳи китобҳо ояндаи наздик кӯчонида ва ба ҷойи он бинои нави баландошёна сохта мешавад..

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.