Фавти писарчаи 4-солаи тоҷик вақти парвози ҳавопаймои хатсайри Маскав-Душанбе

Саодат Раҳимӣ, Asia-Plus

Писарчаи 4-сола, шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми парвози ҳавопаймои ширкати Utair бо хатсайри Маскав-Душанбе аз олам даргузашт.

Намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ Ҳусейн Усмонов ин маълумотро ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуда, лекин дар бораи ному насаби писарча ва ҷузъиёти ҳодиса алҳол маълумот дода нашудааст.

“Ҳавопаймои ин хатсайр бидуни таъхир – соати 22:00 рӯзи 23 октябр аз фурудгоҳи “Внуково” ба ҳаво бархост. Аллакай вақти парвоз ҳолати писарча бад шуда, наҷоти ӯ муяссар нашуд. Дар ҳавопаймо ӯро тағояш ҳамроҳӣ дошт”, – иброз дошт ӯ.

Бино ба гуфтаи Усмонов, роҳари ҳайати халабонони ҳавопаймо тасмим гирифтааст, ки дар Оренбург таъҷилан ба замин фуруд меояд.

“Хеши писарчаи фавтида ва ҷасади ӯ то ошкор кардани ҳолатҳои ҳодиса дар Оренбург нигоҳ доша мешаванд. Дигар мусофирони хатсайр соати 8-и субҳ ба фурудгоҳи Душанбе омаданд”, – илова кард манбаъ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.