Суғд: 12 соли зиндон барои пайвастан ба “ДИИШ”

Ҷамшед МАЪРУФ, журналист

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар ҳайати раисикунандаи раиси суди шаҳри Истиқлол як зани 54-соларо барои пайвастан ба гурўҳи ифротии «ДИИШ» ба 12 сол маҳрум аз озодӣ маҳкум намудааст.

ВИДЕО: Зане барои ифротӣ шудан 12 сол аз озодӣ маҳрум шуд

Роила Абдурасулова, як зани 54-солаи миллаташ ўзбек ба гурўҳи ифротии «ДИИШ» шомил гардида, додгоҳ ўро моҳи сентябр ба мўҳлати 12 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Ин зан сокини шаҳри Истиқлол (Табошари пешин) буда, акнун идомаи ҳаёти худро дар ҳабси умумӣ адо хоҳад кард.

Роила соли 2016 бо ҳамроҳии писар ва наберааш ба Русия сафар намуда, тавассути қатора ба Молдова меравад ва аз шаҳри Кишинёви Молдова ба шаҳри Истанбули Туркия парвоз мекунад. Дар шаҳри Истанбул онҳоро як шаҳрванди Ўзбекистон роҳбаладӣ карда, дар як хонаи иҷоравӣ ҷойгир мекунад.

Ин зан дар додгоҳ худро пурра гунаҳкор ҳисобида, афзуд: «Ҳамааш хуб буд. Чаро ман ба фарзандам гўш кардам, намедонам. Ба ҳамааш худамро гунаҳкор меҳисобам. Ў (Писарам,- эзоҳи муаллиф) ҳамеша маро ба наздаш даъват менамуд. Ба ман дар бораи Туркия бисёр ҳарф мезад ва ман бошам, ба хотири наберачаам рафтам. Ман хеле афсўс мехўрам, ки ба ин гуна амал даст задам».

Инчунин, дар мурофиа маҳкумшаванда гуфт, ки бо роҳи фиреб ба суханони писараш бовар карда, ба ин кор даст задааст. Ў мегўяд, «кадом модар ба хотири фарзандонаш аз паси онҳо намеравад».

Ҳукми Роила Абдурасуловаро додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар ҳайати раисикунандаи раиси суди шаҳри Истиқлол Сўҳроб Муродализода дар мурофиаи ошкорои судӣ баррасӣ намуда. «Абдурасулова Роила дар содир кардани ҷиноят бо моддаҳои 32, қисми 3 ва 401, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор дониста шуда, бо ин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 12 сол бо адои ҷазо дар ҳабси ислоҳии дорои низоми умумӣ таъйин карда шавад. Мўҳлати адои ҷазои маҳкумшуда, аз 10-уми марти соли 2018 ба ҳисоб гирифта шавад. Чораи пешгирии маҳкумшаванда дар намуди ба ҳабс гирифтан, то эътибори қонунӣ пайдо кардани он бетағйир мононда шавад»,- афзуд Муродализода, судяи суди шаҳри Истиқлол. 

Додгоҳи Суғд: 96 парвандаи ҷиноятӣ алайҳи 123 нафар

Додгоҳи вилояти Суғд мегўяд, дар 6 моҳи соли ҷорӣ вобаста ба ҷиноятҳои терроризм ва экстремизм 96 парвандаи ҷиноятӣ алайҳи 123 нафар аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят баррасӣ гардида, ба мўҳлатҳои гуногуни ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд. «Ин шумора назар ба 6 моҳи соли гузашта коҳиш ёфта, 107 адад парвандаҳои ҷиноятӣ алайҳи 135 нафар баррасӣ гардидаанд». 

Калонзода: «Имрўз волидайн қисмати тарбиявии оилаи худро бояд ҷоннок намоянд!»

Ҳоҷӣ Ибодулло Калонзода, аз рўҳонии шинохтаи тоҷик дар суҳбати ихтисосӣ доир ба таълиму тарбияи ҷавонон ва масъулияти волидайн дар назди онҳо сухан карда, аз ҷумла гуфт, ки вақте дар оила хавфи шомил шудани ҷавонон ба ҷараёнҳои ифротӣ мавҷуд аст, падару модар ин қисмати тарбиявии оилаи худро бояд ҷоннок кунанд.

Ў бар ин назар аст, ки имрўз волидайн бояд фарзандони худро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд: «Дар синни мактабӣ, донишгоҳ, донишкада аз тарафи падару модар бояд нуқтаи назари мазҳабии мо, бигзор бисёр сода бошад, лекин фаҳмонида шавад. Изофа бар ин, ҳамеша вақте телефонӣ суҳбат мекунанд, фарзандони худро огаҳ созанд, ки ба хотири пул ё мол ба доми ифротиҳо гирифтор нашаванд. Чунки ҷавонон дар дигар шаҳру навоҳӣ ва ё хориҷи кишвар аз назорати падару модар озодтаранд».

Калонзода дар фарҷом пешниҳод кард, ки дар макотиби миёнаву олӣ таълим додани «Одоби дин» ва мулоқоту вохўриҳои зиёд низ метавонад, ба пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои ифротӣ замина гузорад.

Воҳидов: 12 парванда оид ба ифротгароӣ қатъ карда шуд 

Додситонии вилояти Суғд дар 6 моҳи соли ҷорӣ се парвандаи ҷинояти дорои хусусияти ифротгароиро бинобар баргашта омадан ва пушаймонӣ изҳор кардани ашхоси гумроҳшуда қатъ кардааст.

Ин нуктаро Ҳабибулло Воҳидов, додситони вилоят аснои суҳбаташ бо журналистон дар нишасти хабарии нимсолааш зикр намуда, гуфт, ки ин рақам аз соли 2014 инҷониб 12 парвандаро ташкил медиҳад.

Ў афзуд, онҳое, ки аз рўйи гумроҳӣ ба ҳар гуна равияҳои ифротӣ пайвастаанд, ё дар задухўрдҳои мусаллаҳона ғайриқонунӣ иштирок мекунанд, ихтиёран даст кашанд ва дар кирдорашон ягон аломати ҷиноятӣ набошад, парвандаҳо қатъ карда мешавад: «Ин шахсон бо мақомоти тафтишотӣ ҳамкорӣ карда, пушаймонӣ изҳор намуданд ва дар ҳаракатҳои онҳо, ки дигар ҷиноят набуд, парвандаашон қатъ карда шуд». 

Манбаъ дар идома гуфт, Додситонии вилоят қонунгузории ҷориро дар бораи мубориза бар зидди экстремизму терроризм, озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷаи онҳо 31 пешниҳод, 20 амр, 5 қарори маъмурӣ ва 19 қарори интизомӣ бароварда, 163 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш кардааст.

Воҳидов инчунин журналистонро ба ҳамкорӣ даъват намуда, аз онҳо хоҳиш намуд, ки миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд ва дар мубориза алайҳи терроризму экстремизм саҳмгузор бошанд.

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...