Дархости расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон аз Вячеслав Володин

Дар Думаи Давлатии Русия имрӯз вохӯрии раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо раиси Думаи Давлатии Русия Вячеслав Володин баргузор шуд. Маҳмадсаид Убайдуллоев аз раиси Думаи Давлатии Русия дархост намуд, ки ба расонидани кумаки ҳуқуқӣ дар масъалаи ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони кории тоҷикистонии дар ин кишвар ҳузурдошта мусоидат намояд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ […]

Дар Думаи Давлатии Русия имрӯз вохӯрии раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо раиси Думаи Давлатии Русия Вячеслав Володин баргузор шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев аз раиси Думаи Давлатии Русия дархост намуд, ки ба расонидани кумаки ҳуқуқӣ дар масъалаи ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони кории тоҷикистонии дар ин кишвар ҳузурдошта мусоидат намояд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ тариқи телефон аз ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар Маскав.

Бино ба гуфтаи манбаъ, зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи Володинро ба зарурати таъмини нафақаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз ҷониби корфармоён дар Русия ҷалб кардааст.

Дар ҳамин ҳол, раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон таъкид доштааст, ки нисбат ба кишвари худ, нафъи муҳоҷирони корӣ ба кишвари будубош бештар аст.

Ҷонибҳо ҳамчунин масоиди суғуртаи муҳоҷирон дар Русия ва фарогирии фарзандони онҳо ба таҳсилро дар муассисаҳои таълимии Русия низ баррасӣ намуданд.

Володин ба Убайдуллоев ваъда дод, ки дар доираи салоҳиятҳои худ ба ҳаллу фасли мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Убайдуллоев ҳамчунин аз аъзои парлумони Русия дархост намуд, ки имкони кумакро ба сохтмони боз як мактаби дигари таҳсилаш бо забони русӣ дар Душанбе баррасӣ намоянд.

Володин дар навбати худ қайд кард, ки муносибати Русия ва Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дошта, тайи 7 моҳи соли равон ҳаҷми муомилот байни кишварҳо 34,9% афзуд, ки гувоҳи ин гуфтаҳост.

“Бо назардошти забони муоширати байнумилалӣ будани забони русӣ дар Тоҷикистон тибқи Конститутсия, ин барои мо омили муҳими ва асоси рушди муносибатҳо мебошад. Ин ба мову шумо имкон медиҳад, ки аз ҷумла барномаҳоро дар соҳаи маориф пурсамар амалӣ созем”, – иброз доштааст ӯ.

Раиси Думаи Давлатии Русия ҳамчунин зикр кард, ки шумори зиёди донишҷӯёни Тоҷикистон дар Русия таҳсил дошта, айни замон сохтмони 5 мактаб дар Тоҷикистон идома дорад, ки дар онҳо забони русӣ омӯхта мешавад.

Ёдрас мекунем, ки дар доираи сафар ба Русия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати парламентии кишвар дар кори Форуми шашуми байнипарламентии «Россия – Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» иштирок мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.