Ҳачми истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон кам шуд

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон ҳаҷми истеҳсоли алюминий дар Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3% кам шуд. Тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ дар ТАЛКО беш аз 72,5 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 3,6 ҳазор тонна камтар аст, хабар медиҳад Вазорати саноат […]

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон ҳаҷми истеҳсоли алюминий дар Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3% кам шуд.

Тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ дар ТАЛКО беш аз 72,5 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 3,6 ҳазор тонна камтар аст, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.

Раҳбарияти ТАЛКО изҳор мекунад, ки коҳиши ҳаҷми истеҳсолоти металл ба таъмири асосии таҳҷизоти корхона марбут аст.

Тибқи нақша дар асоси шартномаҳои тарафайн бо ширкатҳои чинӣ то охири соли 2018-ум 300 адад ваннаҳои электролизӣ таъмиру таҷдид ва мавриди истифода қарор хоҳанд дод ва доир ба масъала корбарӣ шуда истодааст.

Айни замон дар ширкат наздики 7 ҳазор нафар кормандон кору фаъолият менамоянд, ки музди меҳнати миёнаи  онҳо 1 ҳазору 262 сомонӣ (134 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Коркарди металл меафзояд

Дар ҳамин ҳол, корхонаҳои коркарди ҷумҳурӣ аз захираву имконотҳо истифода намуда, дар  нуҳ моҳи соли 2018 ҳамагӣ наздики 5,9 ҳазор тонна алюминиро коркард намуданд, ки назар ба ин давраи  соли гузашта 260 тонна зиёд мебошад.

Бино ба маълумоти Вазорат, давоми 9 моҳи   соли 2018 корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия, дар якҷоягӣ бо КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» маҳсулотҳоро ба монанди: алюминияи аввалия, маводҳои таркандаи саноатӣ, профилҳои алюминӣ, арматура ва сими металлиро ба маблағи ҳудуди 1, млрд. 360 млн. сомонӣ (144 млн. доллар) ба хориҷи кишвар, хусусан ба давлатҳои Аврупо, Афғонистон, Туркия, Эрон ва Туркманистон содирот намуданд.

Идомаи болоравии нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ

Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми содироти алюминий ва маснӯот аз он дар маҷмӯъ беш аз 71,7 ҳазор тонна ба маблағи умумии 153,7 млн. долларро ташкил додааст.

Як тонна алюминии тоҷик дар ин давра ба ҳисоби миёна бо 2 ҳазору 142 доллар фурӯхта шудааст.

Соли 2017 Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 203 млн. доллар ҳудуди 103 ҳазор тонна алюминий ба хориҷи кишвар содирот намуд, яъне нархи миёнаи як тоннаи он 1 ҳазору 973 долларро ташкил дод.

Дар маълумоти Вазорат гуфта мешавад, ба санаи 10 октябри соли 2018  нархи 1 тонна алюминий дар Биржаи металии Лондон ба 2 ҳазору 73 доллари ИМА баробар  шудааст, ки назар ба моҳи  август, нархи алюминий 73 доллари ИМА боло  рафтааст.

Мувофиқи маълумоти Агентии омор, ҳиссаи фулузоти нимқиматбаҳо ва маснӯот аз он (алюминий) дар ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон тӯли 9 моҳи соли равон 22%-ро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.