Муаррифии ҳавопаймои нави “Тоҷик Эйр” – Bombardier CRJ – 200

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ҳавопаймои нави худ – BOMBARDIER CRJ – 200-ро муаррифӣ намуд. Ба наздикӣ ширкат боз 4-то чунин ҳавопаймоҳои истеҳсоли Канадаро дастрас мекунад.

Дар маросими муаррифӣ зикр шуд, ки ҳавопаймо дар доираи амалисозии стратегияи дарозмуҳлати рушд, азнавсозӣ ва тавсеъаи имконоти ширкат ва бо мақсади беҳбуди сифати хизматрасонӣ харидорӣ шудааст.

“Мо харидории боз 4-то ҳавопаймои навъи Bombardier CRJ-ро дар нақша дорем. Ҳавопаймои дуюми Bombardier CRJ-200-ро аллакай то Соли нав дастрас карданием”, – хабар дод директори ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов.

Тавре аз ширкат хабар доданд, BOMBARDIER CRJ – 200 ҳавопаймои муосирест, ки дар шароити номусодии обуҳаво парвоз анҷом дода, барои иқлими минтақаи кишвар муносиб аст. Ҳавопаймо барои парвозҳои миёнамасофа пешбинӣ шудааст. Афзалиятҳои асосии ҳавопаймо: сатҳи баланди сарфакорӣ, муҳаррикҳои пуриқтидор, шароити муносиби бароҳати дохили он. Ҳавопаймо 50 ҷойи нишаст дорад.

“Аз лиҳози парвозҳои миёнамасофа ин ҳавопаймои беҳтарин аст, масалан дар хатсайрҳое чун аз Душанбе то Бишкек, Деҳлӣ ё Урумчӣ”, – қайд кард Хайрулло Раҳимов.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл ҳукумати Тоҷикистон изҳор намуд, ки ҷиҳати ба ихтиёри шахси хусусӣ додани саҳмияҳои ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” омода аст, то ки ширкатро аз муфлисшавӣ наҷот диҳад. Айни замон ҳамаи 100% саҳмияҳои ширкат ба давлат тааллуқ доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...