Муаррифии ҳавопаймои нави “Тоҷик Эйр” – Bombardier CRJ – 200

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ҳавопаймои нави худ – BOMBARDIER CRJ – 200-ро муаррифӣ намуд. Ба наздикӣ ширкат боз 4-то чунин ҳавопаймоҳои истеҳсоли Канадаро дастрас мекунад. Дар маросими муаррифӣ зикр шуд, ки ҳавопаймо дар доираи амалисозии стратегияи дарозмуҳлати рушд, азнавсозӣ ва тавсеъаи имконоти ширкат ва бо мақсади беҳбуди сифати хизматрасонӣ харидорӣ шудааст. “Мо харидории боз 4-то […]

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ҳавопаймои нави худ – BOMBARDIER CRJ – 200-ро муаррифӣ намуд. Ба наздикӣ ширкат боз 4-то чунин ҳавопаймоҳои истеҳсоли Канадаро дастрас мекунад.

Дар маросими муаррифӣ зикр шуд, ки ҳавопаймо дар доираи амалисозии стратегияи дарозмуҳлати рушд, азнавсозӣ ва тавсеъаи имконоти ширкат ва бо мақсади беҳбуди сифати хизматрасонӣ харидорӣ шудааст.

“Мо харидории боз 4-то ҳавопаймои навъи Bombardier CRJ-ро дар нақша дорем. Ҳавопаймои дуюми Bombardier CRJ-200-ро аллакай то Соли нав дастрас карданием”, – хабар дод директори ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов.

Тавре аз ширкат хабар доданд, BOMBARDIER CRJ – 200 ҳавопаймои муосирест, ки дар шароити номусодии обуҳаво парвоз анҷом дода, барои иқлими минтақаи кишвар муносиб аст. Ҳавопаймо барои парвозҳои миёнамасофа пешбинӣ шудааст. Афзалиятҳои асосии ҳавопаймо: сатҳи баланди сарфакорӣ, муҳаррикҳои пуриқтидор, шароити муносиби бароҳати дохили он. Ҳавопаймо 50 ҷойи нишаст дорад.

“Аз лиҳози парвозҳои миёнамасофа ин ҳавопаймои беҳтарин аст, масалан дар хатсайрҳое чун аз Душанбе то Бишкек, Деҳлӣ ё Урумчӣ”, – қайд кард Хайрулло Раҳимов.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл ҳукумати Тоҷикистон изҳор намуд, ки ҷиҳати ба ихтиёри шахси хусусӣ додани саҳмияҳои ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” омода аст, то ки ширкатро аз муфлисшавӣ наҷот диҳад. Айни замон ҳамаи 100% саҳмияҳои ширкат ба давлат тааллуқ доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.