Наздикони Моҳираи дар ҳаҷ фавтида: “Ҳарчи буд, баъди никоҳ шуд…”.

Афшини Муқим, котиби матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабари вафоти сокини 22-солаи шаҳри Душанбе Моҳира Мансурова дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ дар матбуот хабарҳои зидду нақизро ба миён овардааст. Барои бори аввал ин хабар аз тарафи сомонаи “Ахбор.ком” ба нашр расид ва баъди чанди рӯзи дигар аз сӯи дигар расонаҳо бозтоб ёфт.

Махсусан, Аганетии хабарии “Азия-Плюс” бо такя ба суханҳои бародари марҳум Моҳира Мансурова Иброҳим Мансуров рӯзи 26-уми октябр гузориш дод, ки Моҳира ҳаргиз аз бемории рӯҳӣ ранҷ намекашид. Гузашта аз ин, Иброҳим Мансуров шубҳа мекунад, ки хоҳараш қасди ҷони худ кардааст… Ин ҳама сару садоҳо суолҳои гуногунро дар зеҳни одамон ба вуҷуд меорад.

Аз ин хотир, барои рӯшанӣ андохтан ба масъалаи мазкур ва бо мақсади фаҳмидани асли ҳодисаву воқеа бо ҳамроҳии роҳбари ширкати “Расул” Саъдулло Қурбонов, ки масъулияти сафарбарнамоии шаҳрвандони Тоҷикистон ба маросими умраро бар дӯш дорад, инчунин ҷонишини имомхатиби маҳалла домулло Абдуллоҳ ба аёдати пайвандони марҳум рафтем.  Баъди арзи таслияту як каф дуо якбора сухан дар бораи расонаӣ шудани хабари марги Моҳира рафт. Пайвандонаш мегуфтанд, ки инъикос ёфтани чунин хабар дар матбуот онҳоро дигарбора ҷигарреш мекунад… “Хуб мешуд ҳамаи ин хабарҳо аз саҳфаҳои матбуот тоза мешуданд”-ашки чашмонашро пок карда иброз кард яке аз наздикони марҳум.

Иттифоқан дар ҳамин вақт Иброҳим – бародари Моҳира, ки хабаргузории “Азия-Плюс” бар мабнои суханони ӯ гузориш таҳия карда буд, ба язнааш Уткир, ки ҳамроҳи мо менишаст, занг зад. Иброҳим бо язнааш як суҳбати кӯтоҳе карду худоҳофизӣ намуд. Баъдан, Уткир аз қавли Иброҳим нақл кард, ки ӯ ҳоло ба “Азия-плюс” раддия навиштааст, чун азбаски беш аз ду соли охир дар Амрико зиндагӣ мекунад, аз асли воқеа чандон огаҳ набудааст…

“Ба Иброҳим гуфтам, ки ин корро бояд намекардӣ. Ту бехабарӣ. Ҳоло фаҳмиду пушаймон аст. Мегӯяд, ки сари эҳсос он ҳама суханҳоро гуфтааст”- иброз намуд падари Иброҳим Фурқат Мансуров.

Падару хусури Моҳира Фурқат Мансуров ва Самиҷон Ҳалимов дар ҳолати сангини равонӣ қарор доштанд. Онҳо дар бораи фарзандашон Моҳира хеле кӯтоҳ ва боалам суҳбат мекунанд. Фурқат Мансуров мегӯяд, духтараш аз ҳама лиҳоз, ва махсусан аз ҷиҳати рӯҳӣ солим буд. Ин гуфтҳоро хусури Моҳира, ки дар ҳамсоягии Фурқат Мансуров зиндагӣ мекунад, тасдиқ мекунад. “Моҳира дар пеши чашми худамон калон шуд. Касе ягон бор бемориашро надидааст ва ҳоло ҳам агар бигӯем, мушкили рӯҳӣ дошт, касе бовар намекунад. Ҳарчи буд, баъди никоҳ шуд…”.

Баъди оромии тӯлонӣ Самиҷон Ҳалимов дубора ба сухан даромад: “Баъди никоҳ вазъи саломатии келин хуб нашуд. Ман нахостам дар ин бора касе хабардор бошад. Ҳатто ба шахсони наздикам дар ин бора чизе нагуфтам. Чунки намехостам гап зиёд шавад, намехостам оилаи Фурқатҷон бадном шавад, чунки келини ман боз хоҳар дорад… ӯ бояд шавҳар кунад… Ман танҳо бемории келинро ба домулло гуфта будам (бо сар ишора мекунад ба сӯи домулло Абдуллоҳ, ки дар бари мо менишаст). Домулло ҳам омада хонданд…”.

Домулло Абдуллоҳ ҳам ҳамин вақт ба сухан даромад: “Ман акаи Самиҷонро хуб мешиносам. Ҳама вақт дар намозҳо мебинам. Вақте хоҳиш карданд, ки келинро хондан лозим аст, ман омада ду-се бор “Ёсин” хондам. Воқеан авзои хоҳар хуб набуд. Шавҳараш ҳам, ки ҳофизи кулли Қуръон аст, ба ман кумак мекарду дар болои сараш Қуръон мехонд. Дар вақти хондани оятҳои қуръонӣ дардаш хуруҷ мекард.” Самиҷон бо нишони тасдиқ бо сарҷунбонӣ суханҳои домулло Абдуллоҳро тасдиқ мекунад ва илова мекунад, ки “базӯр меқапидем”…

Самиҷон Ҳалимов: “Як нафар гуфт, ки ба умра равон кунед, ибодат кунад ва аз оби Замзам бинӯшад, ҷиннаш сӯхта нобуд мешавад”.

Роҳбари ширкати “Расул” ҳам мегӯяд, ки сабаби марги Моҳира Мансурова комилан рӯшан аст. “Ниҳодҳои дахлдори Арабистони Саудӣ аз тариқи камераҳои мушоҳидавӣ ҳама чизро муайян намуданд. Ҳатто охирин бор вақте аз ҳарам ба меҳмонхона баргаштааст ва баъди ин ҳодисаи нохуш рух додааст, ӯ худаш танҳо будааст”- илова кард роҳбари ширкат.

Дар ҳамин ҳол, вақте дар робита ба ин ҳодиса дигар суоле норӯшан боқӣ намемонад, ягона хоҳиши пайвандони Моҳираи марҳум ин аст, ки дигар матбуот аз навиштани ҳар гуна хабару гузориш дар робита ба қазияи духтарашон худдорӣ кунанд. Махсусан, онҳо аз расонаи “Азия-плюс” хоҳиш доранд, ки аксҳои хонаводагии онҳоро бо шумули матлабе, ки дар он Иброҳим ҳамсуҳбат шудааст, аз саҳифаҳои расона пок кунанд.

P.S. Сабти овоз ва аксҳо аз ҷараёни ин суҳбат дар ихтиёри ин ҷониб қарор дорад ва бо дарназардошти хоҳиши мусоҳибон аз интишори он худдорӣ мешавад.

Навиштаи мазкур аз тарафи мусоҳибон бо имзоҳои гузоштаашон тасдиқ шудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...