“Истиқлол” бори ҳафтум ба Ҷоми футболи Тоҷикистон соҳиб шуд

Дастаи футболи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон бар дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода дастболо шуда, бори ҳафтум ба Ҷоми футболи Тоҷикистон соҳиб шуд. Вохӯрӣ бо ҳузури беш аз 15 ҳазор нафар тамошобинон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат доир гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 анҷом ёфт. Голи ягонаро ҳамлагар Комрон […]

Дастаи футболи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон бар дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода дастболо шуда, бори ҳафтум ба Ҷоми футболи Тоҷикистон соҳиб шуд.

Вохӯрӣ бо ҳузури беш аз 15 ҳазор нафар тамошобинон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат доир гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 анҷом ёфт. Голи ягонаро ҳамлагар Комрон Турсунов ба нишон расонида, бозигари беҳтарини вохӯрӣ эътироф гардид.

Дар маросими супурдани Ҷом ва ҷоизаҳо раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода, раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода, ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев ва Алишер Ӯрунов, ҳамчунин ваколатдори ширкати «Huawei» дар Тоҷикистон Суй Фэн иштирок карданд.

Ба ҷуз Чому медалҳои тилло, дастаи “Истиқлол” бо 30 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуд. Ба футболбозони тими “Регар-ТадАЗ” медалҳои нуқра ва 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим шуд.

Бозигари беҳтарини вохӯрии финалӣ муаллифи голи ягона Комрон Турсунов дониста шуда, намояндаи ваколатдори ширкати «Huawei» дар Тоҷикистон Суй Фэн ба ӯ туҳфаи хотиравӣ тақдим кард.

Ҳамаи бозиҳои финалии Ҷоми Тоҷикистон (солҳои 1992-2018):

1992: «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993: «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Пеналти – 5:3

1994: «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995: «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Пеналти – 3:2

1996/1997: «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998: «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Рандҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998: «Варзоб» (Душанбе) – «Хуӯҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999: «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Пеналти – 4:2

2000/2001:«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002: «Регар-ТадАЗ» (Турсунзаде) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002: «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003: «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004: «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005: «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Пеналти – 3:1

2006: «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007: «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0

2008: «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009: «Истиқлол» (Душанбе) – КМВА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010: «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011: «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012: «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Пеналти – 5:6

2013: «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014: «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015: «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Пеналти – 6:5

2016: «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 2:2. Пеналти – 3:2

2017: «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

2018: «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.