Созиши Тоҷикистону Туркманистон оид ба анҷоми сохтмони роҳи оҳан тариқи Афғонистон

Тоҷикистону Туркманистон дар мавриди зарурати суръатбахшии корҳо оид ба сохтмони роҳи оҳан, ки ин ду кишварро тариқи қаламрави Афғонистон мепайвандад, созиш ҳосил карданд. Масъалаи анҷоми сохтмони роҳ рӯзи ҷумъаи ҳафта сипаришуда, 26 октябр дар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар медиҳад Агентии давлатии […]

Тоҷикистону Туркманистон дар мавриди зарурати суръатбахшии корҳо оид ба сохтмони роҳи оҳан, ки ин ду кишварро тариқи қаламрави Афғонистон мепайвандад, созиш ҳосил карданд.

Масъалаи анҷоми сохтмони роҳ рӯзи ҷумъаи ҳафта сипаришуда, 26 октябр дар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар медиҳад Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон.

Гуфта мешавад, зимни ҷаласаи мазкур зарурати суръатбахшӣ ба корҳои амалисозии ин лоиҳаи муҳими зербино – сохтмони роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон бо мақсади саривақт ба истифода додани он таъкид шуд.

Тақрибан як моҳ пеш Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон зикр карда буд, ки аз изҳороти сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Ашӯрбойзода дар мавриди мавқуф гузоштани сохтмони роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон “то вақтҳои беҳтар” дар тааҷҷуб аст.

Ёддошт дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон моҳи марти соли 2013 аз ҷониби сарони ин се кишвар ба имзо расид.

Бо истифода аз ин роҳ Тоҷикистон метавонист бидуни убури қаламрави Ӯзбекистон, ки он замон бо сабабҳои гуногун ба ҳаракати қатораҳои боркаши Тоҷикистон тариқи қаламрави худ монеъа эҷод мекард, ба роҳҳои оҳани байнулмилалӣ дастрасӣ пайдо кунад.

Навбати аввали ин роҳ – қитъаи Отамурод – Имоманазар (Туркманистон) – Оқина (Афғонистон) моҳи ноябри соли 2016 бо иштироки сарони ду кишвар мавриди истифода қарор гирифт.

Ҳукумати Туркманистон протоколи баизорасидаро байни Тоҷикистону Афғонистон дар бораи амалисозии минбаъдаи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Туркманисон – Афғонистон – Тоҷикистон маъқул нашуморид.

Дар интихоби хатсайри роҳ тариқи қаламрави Афғонистон баҳсҳо вуҷуд доштанд. Дар қитъаи роҳ дар қаламрави Афғонистон ду хатсайр пешниҳод шуда, хатсайри кӯтоҳи он аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод ва масофааш 160 километрро ташкил дода, масофаи хатсайри нисбатан дарозтари аз ҷониби Афғонистон пешниҳодшуда ба беш аз 500 километр баробар аст.

Дар ниҳояти кор ба ҷонибҳо муяссар шуд, ки ба мувофиқа расида, дар ин хусус санади дахлдор ба имзо расонанд. Соли 2014 онҳо ин санадро барои имзо ба ҳукумати Туркманистон фиристоданд.

Сохтмони қитъаи роҳ дар Афғонистону Тоҷикистон низ бинобар вазъи ноамн дар қаламрави Афғонистон норавшан аст. Бонки осиёгии рушд, ки маблағгузории қитъаи сохтмони роҳро дар қаламрави Афғонистон ба уҳда гирифта буд, изҳор дошт, ки ба як муддати номуайян аз дастгирии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон ба иллати ноамнии вазъ дар қаламрави Афғонистон худдорӣ меварзад.

Қобили зикр аст, ки қаблан Бонки осиёгии рушд барои таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳаи ин роҳи оҳани оянда 9 млн. доллари ИМА воситаҳои грантӣ ҷудо карда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.