Бозбинии парвандаи капитан Исломови айбдор ба марги наврас

Билоли Шамс, Asia-Plus

Сарраёсати тафтишоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон парвандаи муфаттиши Раёсати ВКД дар шаҳри Кӯлоб капитан Саидмумин Ҳалимовро, ки ба марги навраси 15-сола дар натиҷаи бо автомашинааш пахш кардан айбдор дониста мешавад, ба баррасии такрорӣ фиристод. Ин ҳодиса моҳи феврал дар терминали муофирбари Кӯлоб – Восеъ рух дода буд.

Наздикони Фирдавс Ҳалимов, навраси фавтида ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба бозпурсии такрорӣ ба шаҳри Бохтар даъват шудаанд.

“Огоҳ карданд, ки ба баррасии такрории парванда акнун на прокуратураи шаҳри Кӯлоб ва на прокуратураи минтақаи Кӯлоб, балки прокуратураи вилоят дар шаҳри Бохтар машғул мешавад”, – гуфтанд онҳо.

Дар прокуратураи вилояти Хатлон маълумот дар бораи бозбинии парвандаи мазкурро тасдиқ намуда, лекин саҳеҳ нагуфтанд, ки ба баррасии парванда прокуратураи вилоят машғул мешавад ё Раёсати тафтишоти Прокуратураи генералӣ.

Ёдрас мекунем, ки шаби 13 феврали соли равон навраси 15-солаи сокини шаҳри Кӯлоб Фирдавс Ҳалимов , ки аз роҳ мегузашт, зери чархи автомашинаи муфаттиши Раёсати ВКД шаҳри Кӯлоб Саидмумин Исломов монда, ба ҳалокат расид.

Дар прокуратураи шаҳр он замон дарҳол изҳор намуда буданд, ки тафтиши парванда махфӣ сурат мегирад. Ба ақидаи аҳли ҷомеаи маҳаллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Кӯлоб бо ҳар роҳу восита тафтиши ин парвандаро ба дарозо кашиданӣ мехостанд. Аҳолии маҳаллӣ бар ин назар буд, ки бо ин роҳ мехостанд дар ниҳояти кор ин воқеа фаромӯш шуда, айбдоршаванда аз ҷазо халосӣ ёбад. Ба қавли наздикони навраси фавтида, худи Исломов баъди чанд рӯзи ҳодиса назди волидони ӯ омада, дархост намудааст, ки аз шикояташон даст кашанд.

Моҳи июли соли равон мақомоти прокуратураи шаҳри Кӯлоб капитани Раёсати ВКД Кӯлоб Саидмумин Исломовро бегуноҳ эътироф намуд.

Прокурори шаҳри Кӯлоб Раҳмоналӣ Имомзода зимни нишасти хабарии санаи 20 июл дар ин робита изҳор намуда буд, ки бегуноҳии Исломов бо натиҷаҳои ду ташхиси автотехникӣ тасдиқ шудааст.

“Ташхис нишон дод, ки Исломов ба пешгирии садама имкон надошт. Ду ташхиси маркази ташхиси автотехникӣ ва комиссияи ҷумҳуриявӣ ба чунин хуслоа расиданд”, – изҳор дошт прокурори шаҳр ва илова намуд, ки Исломов аз кор барканор шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...