Чин дар Тоҷикистон корхонаҳои бузург бо силсилаи мукаммали истеҳсолӣ месозад

Ба воридшавии ширкатҳои Чин ба бозори Тоҷикистон таваҷҷуҳи доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон мусоидат менамояд. “Таваҷҷуҳи доираҳои корӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ба Чин тасодуфӣ нест. Аз ин рӯ, ҳайратовар нест, ки корхонаҳои чинӣ ҷиҳати воридшавӣ ба бозори Тоҷикистон талош меварзанд”, – изҳор дошт зимни вохӯрӣ бо раҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ян Хонбо, директори ширкат оид […]

Ба воридшавии ширкатҳои Чин ба бозори Тоҷикистон таваҷҷуҳи доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

“Таваҷҷуҳи доираҳои корӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ба Чин тасодуфӣ нест. Аз ин рӯ, ҳайратовар нест, ки корхонаҳои чинӣ ҷиҳати воридшавӣ ба бозори Тоҷикистон талош меварзанд”, – изҳор дошт зимни вохӯрӣ бо раҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ян Хонбо, директори ширкат оид ба рушд ва ислоҳоти музофоти Юннан.

Ӯ қайд кард, ки айни замон ширкатҳои Чин ба бахшҳои гидроэнергетика, истеҳсоли маҳсулоти пӯлодрезӣ, металлҳои рангаву сиёҳ, зерсохтори сайёҳӣ, соҳаи агросаноатӣ ва парваришу истеҳсоли тамоку сармоягузорӣ мекунанд.

“Мо ният дорем, ки ба Тоҷикистон сармоягузорӣ карда, дар ин ҷо корхонаҳои бузург бо силсилаи мукаммали технологияҳо ва таҷҳизоти чинӣ бунёд созем”, – афзудааст ӯ.

Бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ, айни замон беш аз 70 корхона бо сармояи Чин дар Тоҷикистон фаъолият дошта, ҳамчунин боз зиёда аз 200 ширкатҳои чинӣ дар ҷумҳурӣ ҳузур доранд. Ғайр аз ин, Чин дар амалисозии беш аз 50 лоиҳаҳои сармоягузории фарогири як қатор соҳаҳои афзалиятноки иқтисод ва иншооти зербинои Тоҷикистон иштирок дорад.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 1 млрд. долларро ташкил медиҳад.

Соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистон ва Чин наздики 600 млн. долларро ташкил дода, тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ – қариб ба 434 млн. доллар расид.

Айни замон қарзи Тоҷикистон назди Чин зиёда аз 1,2 млрд. долларро ташкил медиҳад, ки ба беш аз 40% аз ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон баробар аст.

Ғайр аз ин, тӯли 8 моҳи соли равон Чин ба Тоҷикистон ба маблағи умумии наздики 4 млн. доллар кумаки башардӯстона расонид, ки ба 14% аз ҳаҷми умумии кумаки гирифтаи Тоҷикистон дар ин давра рост меояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.