Даргузашти ҳунарманди саршиноси кинои тоҷик Марат Орифов

Asia-Plus

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, актёри кино ва коргардони филмҳои мояи ифтихори кинематографи Тоҷикистон Марат Орифов пас аз бемории тӯлонӣ рӯзи 29 октябр дар синни 84-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд.

Маросими видоъ ва ҷанозаи марҳум нимаи аввали имрӯз назди хонааш, мавзеи бинои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ баргузор мешавад.

Дар таърихи Тоҷикистон Марат Орифов ҷавонтарин Ҳунарманди шоиста мебошад. Ба ин унвон ӯ дар синни 21-солагӣ соҳиб шуда буд.

Чанде қабл бинои хонае, ки Марат Орипов муддати 60 сол он ҷо зиндагӣ дошт, кӯчонида шуд. Дар интизории пардохти ҷубронпулӣ ӯ якуним сол дар хонаи иҷора зиндагӣ кард. Ӯ дар ин хусус ҳатто ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон низ муроҷиат карда буд. Ва дар ниҳояти кор 83-юмин солгарди зодрӯзашро ӯ дар ҳалқаи наздикони худ дар манзили нав ҷашн гирифт.

Бино ба иттилои сомонаи.wikiwand.com, Марат Собирович Орифов — ҳунарпеша ва кинорежиссёри Синамои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2008), дорандаи ҷоизаҳои кинофестивалҳои байналмилалӣ ва умумииттифоқӣ (ИҶШС). Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999). Узви Иттифоқи киноматографистони Тоҷикистон ва ИҶШС (1958).

Зиндагинома

Марат Орифов писари Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон Тӯҳфа Фозилова аст. Аз хурдӣ ҳамроҳи модари мушфиқаш аз ш. Конибодом ба ш. Сталинобод, имрӯза шаҳри Душанбе омад ва русҳо ба шиносномаи таваллудаш на Мурод, балки Марат навиштанд. Ӯ баъди хатми мактаби миёна дар соли 1956 факултаи забон ва адабиёти Институти педагогии Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко, соли 1960 Институти театрию рассомии ш. Тошкент ба ном А. Островский, соли 1964 факултаи режиссёрии филмҳои бадеӣ-устохонаи С. А. Герасимовро ш. Маскавро хатм кардааст.

Эҷодиёт

Фаъолияти эҷодии ҳунарии ӯ давра ба давра сурат гирифта, аввалин нақши асосӣ – Синоро дар филми «Абӯалӣ ибни Сино» соли 1956 бозидааст. Соли 1958 ӯро ба Тошкент даъват менамоянд ва нақши Ановро дар филми «Вазифаи олӣ» мебозад. Соли 1959 таҳия ва ба наворгирии филми «Қисмати шоир» ба охир мерасад, ки дар он нақши асосӣ Рӯдакиро Марат Орифов мебозад. Марат Орифов барои нақши беҳтарини мардона, дорандаи мукофоти Кинофестивали мамолики Осиё ва Африқо дар ш. Қоҳира (1960) гардидааст. То имрӯз ин нақш ӯро дар миёни мардум ҷовид гардонидааст. Ҳамчун актёр минбаъд дар нақшҳои Сайф аз филми «Вақти зангирии писар расид» (1959), нақши Насриддин дар Хуҷанд дар филми «Дузди Бағдод» (1959), нақши Ширинкор дар филми «Коваи оҳангар» (1961), нақши Аҳмад аз филми «То пагоҳ» (1964), нақши Комил дар филми «Замони осоишта» ҳунарнамоӣ кардааст.

Чун пухта гардиду маъруфият пайдо кард, ба таҳияи филмҳои бадеии телевизионии «Нисо» (1964), «Дили ман дар кӯҳистон» (1969), «Асрори қабила» (1970), «Муҳосира» (1969), «Бо табассум нигар» (1983) пардохт ва манзури тамошобинон гардонд ва аз ҷониби мардум ва давлату ҳукумат бо хушӣ пазируфта шуд. Дар таърихи кинои тоҷик дар офаридани филмҳои воқеӣ-ҳуҷҷатӣ ин чеҳраи шинохтаи миллат саҳми калидӣ дорад. Соли 1972 якбора ду филми ҳуҷҷатии ӯ бо номҳои «Гӯштингирӣ», «Санги кабуд» ва солҳои 1973-1974 филмҳои «Савганд», «50 солагии РСС Тоҷикистон» манзури тамошобинон гардонида шуд. «Муаллим», «Маро ба ЛЭП мебаранд» аз маҳсули эҷодии вай дарак медиҳанд.

Марат Орифов – Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон, лауреати мукофоти давлатии ленинӣ, дорандаи ҷоизаҳои байналмилалӣ, иштирокдори даҳаҳои адабиёт ва санъат дар Маскав (соли 1957), дар Озарбойҷон (соли 1965), дар Ӯзбекистон (солҳои 1968 ва 1981), дар Литва (соли 1975 ва соли 1976) ва Қирғизистон мебошад. Марат Орифов якумр дар мактабҳои олии русӣ таҳсил карда, фаъолияти актёрӣ ва таҳиягариву коргардонии ӯ ба забони русӣ сурат гирифтааст.

Филми "Муаллим"

Наворбардории филми "Тоҷикфилм" бо номи "Муаллим" бо ширкати яке аз машҳуртарин ҳунармандони эронӣ Маҳнози Афшор ба анҷом расид. Ин филм бори дигар ҳунарманди маъруфи кишвар Марат Орифовро ба саҳнаи кино кашид. Баъди бист соли бознишастагӣ Марат Орифов бо даъвати коргардони шинохта Носир Саидов ба Душанбе омад ва нақши калидиро дар ин филм бозӣ кард.

Филми «Муаллим» бо коргардонии Носир Саидов дар ҳошияи сию сеюмин Ҷашнвораи байналмилалии филми «Фаҷр»-и Эрон дар Пардиси синамоии «Миллат» – и Теҳрон (майи соли 2015) намоиш дода шуд. Дар ҷашнвораи байналмилалии филми «Фаҷр» ҳунарманди тоҷики Марат Орифов барои нақшофарӣ дар филми «Муаллим» – и коргардон Носир Саидов бо гирифтани ҷоизаи махсуси ҷашнвора «Симурғи булурин» муваффақ гардидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...